Ёрии ҳуқуқии якумдараҷа шакли хизматрасонии ҳуқуқие мебошад, ки ба шахсони воқеӣ бо роҳҳои фаҳмондадиҳии ҳуқуқу уҳдадориҳо, маслиҳатдиҳӣ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.
Он ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд бо роҳҳои пешниҳоди маълумоти ҳуқуқӣ, гузаронидани ҷаласаҳои иттилоотию ҳуқуқии сайёр ва маслиҳату фаҳмондадиҳӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши мавзӯии аҳолӣ, тартиб додани ариза, шикоят ва дигар ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ, иттилоъ додан оид ба имкони ҳалли тосудии баҳсҳои ҳуқуқӣ, фиристодани муроҷиаткунанда ба муассисаҳои дахлдори давлатию ҷамъиятӣ, паҳн кардани маълумоти ҳуқуқӣ тавассути ёрдамчиёни ҷамъиятӣ, ёрӣ расонидан ба одамон ҷиҳати дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз ҷониби ҳуқуқшиносони давлатӣ, адвокатҳо, мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар доираи ваколатҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
Хусусияти фарқкунандаи ёрии ҳуқуқии якумдараҷа аз он иборат аст, ки он барои ҳама дастрас мебошад. Ёрии ҳуқуқии якумдараҷа дар лаҳзаи муроҷиат расонида мешавад. Дар ҳолати ғайриимкон будани бетаъхир расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа, ба муроҷиаткунанда сана ва вақти қабул дар давоми на беш аз 5 рӯз аз лаҳзаи муроҷиат таъин карда мешавад.
Шахси барои ёрии ҳуқуқии якумдараҷа муроҷиаткунанда ҳуқуқ дорад, ки оид ба як масъала танҳо як маротиба ба ҳуқуқшиноси давлатӣ муроҷиат кунад, ба истиснои ошкор шудани ҳолатҳои наве, ки ба масъалаи дахлдор алоқамандӣ дошта бошанд.