Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми январи соли 2015, №327 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ шуда буд. Мақсади асосии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, соддагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Банди 7-и Барнома ва банди 5-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи мазкур таҳия ва қабули Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ ва манзури пешниҳодот вобаста ба такмили қонунгузории ёрии ҳуқуқиро пешбинӣ карда буданд.
Дар заминаи Барномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2015, №425 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.
Барои татбиқи Консепсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2015, №704 Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби шарикони рушд дастгирии молиявӣ мешавад, таъсис дода шуд.
Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» бо мақсади расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ, муайян кардани модели самаранок ва камхарҷтар оид ба ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа, инчунин муқаррар кардани механизми муносиб барои расонидани ёрии ҳуқуқии ихтисосноки дуюмдараҷа таъсис дода шудааст.