Ҳуқуқшиносони давлатӣ кормандони “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” мебошанд, ки ба шахсони воқеӣ тамоми намудҳои ёрии ҳуқуқии якумдараҷаро мерасонанд. Фаъолияти онҳо аз рӯйи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” амалӣ мешавад.
Ҳуқуқшиноси давлатӣ ҳуқуқ дорад:
- маълумотро, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ заруранд, ба таври ройгон ҷамъ намояд;
- маълумотнома, хислатнома ва ҳуҷҷатҳои дахлдори дигарро аз мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин аз шахсони ҳуқуқии дигар, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликияташон, талаб карда гирад;
- мутобиқи талаботи дастурамал оид ба кор бо ёрдамчиёни ҷамъиятӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, ёрдамчиёни ҷамъиятиро омода намуда, онҳоро ба раванди расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ҷалб намояд.
Ҳуқуқшиноси давлатӣ уҳдадор аст:
- сатҳи дониш ва касбияти тахассусии худро баланд бардорад;
- бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои шахси муроҷиатнамударо бовиҷдонона ва босифат ҳимоя кунад;
- маълумотеро, ки аз шахси барои ёрии ҳуқуқӣ муроҷиатнамуда гирифтааст, бе розигии ӯ ифшо насозад;
- оид ба чораҳои қонунии ҳалли тосудии баҳсҳо иттилоот диҳад ва мувофиқи имкониятҳо онҳоро истифода намояд;
- сирри давлатӣ ва сирри дигареро, ки бо қонун ҳифз мешавад ва ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ маълум гаштааст, ифшо насозад.
Ҳуқуқшиноси давлатӣ наметавонад ба шахсоне, ки манфиатҳои онҳо ба манфиати шахси пештар барои ёрии ҳуқуқӣ муроҷиаткарда мухолифат мекунад, маслиҳат диҳад.
Рӯзҳои кории ҳуқуқшиносони давлатӣ: аз душанбе то ҷумъа, аз соати 8:00 то 17:00.
Шурӯъ аз таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз моҳи марти соли 2016 то моҳи ноябри соли 2020) ҳуқуқшиносони давлатӣ дар 34 шаҳру ноҳия ба сокинони маҳаллӣ кумаки ройгон мерасонанд.
н. Деваштич - Юсупов Абдусамат , 933550283, hd-devashtich@salac.tj
н. Б. Ғафуров - Ҷамшед Ҳакимӣ, 933555992, hd-b.ghafurov@salac.tj
Бинои МИҲД, кӯчаи А. Нозиров 14.
ш. Конибодом - Маҳина Расулова, 933553641, hd-konibodom@salac.tj
Кучаи Ёдгорӣ 181 (Собиқ бинои маориф).
н. Спитамен - Муҳаррам Расулова, 935550451, hd-konibodom@salac.tj
Бинои Маркази адлия, кӯчаи Р. Турсунов 2.
н. Ҷ. Расулов - Давронов Ойбек, 933553640, hd-j.rasulov@salac.tj
Бинои Маркази адлия, кӯчаи Э. Умаров, ошёнаи 1.
ш. Исфара - Шарофат Музаффарова, 933559705, hd-isfara@salac.tj
Бинои Маркази адлия, кӯчаи Марказӣ 27.
н. Ашт
1). Мӯъмин Мадаминов, 933550231, hd-asht@salac.tj
Бинои МИҲД, кӯчаи И. Сомонӣ 55.
2). Понғоз - Зарнигор Абдураҳмонова, 927092609, hd-asht.ponghoz@salac.tj
Бинои Ҷамоати Понғоз.
ш. Истаравшан - Юнус Латифзода, 935542818, hd-istaravshan@salac.tj
Бинои Маркази адлия, кӯчаи Ғ. Абдуллоев.
ш. Хуҷанд - Шаҳриёр Аҳмадзода, 933559562, hd-khujand@salac.tj
Бинои МИҲД, кӯчаи Р. Набиев 39, ошёнаи 9, утоқи 908.
Бинои Тоҷикматлубот, хиёбони Рӯдакӣ 26, ошёнаи 2.
Бинои Маркази адлия, кӯчаи И. Сомонӣ 18.
Бинои САҲШ, Маҳаллаи 2.
ш. Ваҳдат - Баҳром Сарҳатов, 933555994, hd-vahdat@salac.tj
Бинои Маркази адлия, хиёбони Рӯдакӣ.
н. Нуробод - Муродбек Бадалов, 933557820, hd-nurobod@salac.tj
Бинои Тоҷиксуғурта, кӯчаи Изатулло Ҳалимов 11.
н. Тоҷикобод - Файзалӣ Саидраҳмонов, 933554987, hd-tojikobod@salac.tj
Кӯч. Сомонӣ 21, бинои Бонки молиявии хурд, ошёнаи 2.
ш. Ҳисор - Ниёзмаҳмад Зоирзода, 933559572, hd-hisor@salac.tj
Бинои МИҲД, кӯчаи И. Сомонӣ 10, ошёнаи 1.
н. Файзобод - Ҷалолиддин Неъмонов, 934011185, hd-fayzobod@salac.tj
Бинои МИҲД, кӯчаи И. Сомонӣ 49.
н. Cангвор - Рафиев Саймхтор , 933550241, hd-rudaki@salac.tj
н. Рашт - Қандов Ғолибҷон , 933550221, hd-rasht@salac.tj
н. Шаҳринав - Шарифов Азизхуҷа , 933550221, hd-shahrinav@salac.tj
Дар нақша аст, ки то охири соли 2023 фаъолияти ҳуқуқшиносони давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои боқимондаи кишвар ба роҳ монда шуда, тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёрии ҳуқуқӣ фаро гирифта шавад.