Дар чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар маҷмӯъ, ҳудуди 500 нафар иштирок намуданд.
Зимни форум таъкид гардид, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, пойдории давлатдорӣ ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар нақши муҳим дорад. Он на танҳо заминаи ҳуқуқии фаъолияти давлат, балки рамзи ваҳдату ягонагӣ ва роҳнамои ҷомеа ба сӯи адолат, субот ва пешрафт мебошад.
Иштирокчиён ҳамчунин масъалаҳои дастрасӣ ба адолати судӣ ва ҳимояи самараноки ҳуқуқи инсон, такмили низоми ёрии ҳуқуқии давлатӣ, танзими ҳуқуқии рақамикунонӣ, рушди қонунгузории маданӣ ва соҳибкорӣ, инчунин сиёсати ҳуқуқии ҷиноятиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Форум ҳамасола бо мақсади муайян намудани мушкилоти мавҷуда дар самти таҳкими волоияти қонун, табодули таҷриба ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо баргузор гардида, барои таҳияи тавсияҳои мушаххас ва таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун замина фароҳам меорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз натиҷаи муҳокимарониҳо тавсияҳои форум қабул гардида, барои баррасӣ ва корбарӣ ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуданд.




Видеогузориш аз Телевизиони Тоҷикистон
