Маркази ҳамоҳангсозӣ воҳиди сохтории Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» мебошад, ки ба коркарди дархостҳо дар хусуси расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ машғул аст.
Дар сурати воқеан дастгир шудани шахс, татбиқи чораи пешгирӣ дар шакли ба ҳабс гирифтан, оғози парвандаи ҷиноятӣ, баррасии парвандаҳо дар суди марҳилаи якум, пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ, инчунин бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя ба маркази ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати сафарбар кардани адвокат тавассути телефон бояд дархост намояд.
Маркази ҳамоҳангсозӣ пас аз қабули дархост маълумоти аввалияро ба низоми худкори иттилоотӣ фавран ворид мекунад ва бо адвокате, ки ӯро низоми худкори иттилоотӣ муайян кардааст, дар тамос шуда, ӯро барои расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа сафарбар менамояд.
Маркази ҳамоҳангсозӣ фаъолияташро шабонарӯзӣ ва бе истироҳат ба роҳ мемонад.