Ёрдамчии ҷамъиятӣ шахсе мебошад, ки аз ҷониби сокинони маҳаллӣ (деҳаҳо, маҳаллаҳо) бинобар доштани обрӯю эътибори хоса интихоб шудааст. Ёрдамчии ҷамъиятӣ таҳсилоти олии ҳуқуқӣ надорад, вале давраҳои кӯтоҳмуддати омӯзиширо дар соҳаҳои ҳуқуқи оилавӣ, гражданӣ ва ғайра гузаштааст.
Фаъолияти ёрдамчии ҷамъиятӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат мекунад. Ёрдамчии ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқие, ки роҳи ҳалли онҳоро дар давраҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз худ кардааст, ба аҳолӣ иттилооти зарурӣ пешниҳод мекунад ва ё шахси ба ӯ муроҷиаткардаро ба назди ҳуқуқшиноси давлатӣ ё дигар мақомоту муассисаҳо равона месозад.
Мутобиқи моддаи 16-и Қонуни ҶТ “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ҳуқуқ доранд. Яъне ин гуна ёрӣ ба ҳамаи шахсони воқеӣ дастрас мебошад.
Дар моддаи 20-и Қонуни мазкур дарҷ шудааст, ки ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ танҳо ба шахсони пешбиникардаи Қонуни мазкур расонида мешавад. Айни замон ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа танҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ пешниҳод шуда истодааст. Моддаҳои 22, 23, 27 ва 28-и Қонуни мазкур, ки расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гражданӣ ва тартиби расонидани онҳоро муайян мекунанд, аз 1-уми январи соли 2025 мавриди амал қарор дода мешаванд.
Бинобар ин, айни ҳол шахсони зерин ҳуқуқи гирифтани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ доранд:
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудае, ки ба ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад, вале имконияти пардохти чунин хизматрасониро надорад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудаи ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и ӯ имконияти пардохти чунин хизматрасониро надоранд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшуда бинобар камбудиҳои ҷисмонӣ ё рӯҳӣ ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда наметавонанд;
- айбдоршавандае, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ мекунад;
- агар шахс дар содир намудани ҷинояте айбдор карда шавад, ки барои он ҷазои қатл ё ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан пешбинӣ шуда бошад;
- судшавандае, ки таҳти ҳабс қарор дошта, аз ҳозир шудан ба маҷлиси судӣ саркашӣ менамояд;
- ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ва ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд.Шумо барои дастрас кардани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ба ҳуқуқшиносони давлатӣ муроҷиат карда метавонед.
Ҳамчунин бо телефони фаврии 3040 тамос гирифта метавонед. Дар ин ҳолат ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ба таври шифоҳӣ ба Шумо пешниҳод карда мешавад.