Киҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон ёрии ҳуқуқии ройгон гирифта метавонанд?
Соли 2015 дар назди Вазорати адлияи Тоҷикистон “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” ба кор оғоз кард, ки ҳадафи аслиаш расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба қишри осебпазири аҳолии ҷумҳурӣ мебошад.
Дар бораи чӣ гуна таъсис дода шудани ин муассисаи давлатӣ ва ба чӣ натиҷаҳо ноил гардидани он тӯли се соли корӣ суҳбате оростем бо директори Марказ Лоиқ Нусратов.
Ёрии ҳуқуқии ройгон барои ҳамаи шаҳрвандон
- Дар бораи фаъолияти Марказ маълумот медодед, чанд нафар ҳуқуқшиносон ҷалб шудаву кораш чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
- Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” дар назди Вазорати адлия дар доираи амалисозии Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба қишри осебпазири аҳолӣ, ки соли 2015 дар ҷумҳурӣ қабул шуд, таъсис дода шуд. Маркази мо ба Вазорати адлия ҳисобот дода, ба ҳамоҳангсозии ҷараёни амалисозии Консепсия ва пешниҳоди ҳисоботи солона дар ин самт ухдадор аст.
Мо дар худи Марказ машваратҳои ҳукуқӣ намедиҳем, барои ин дар шаҳру ноҳияҳои озмоишӣ бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ амал мекунанд, фаъолияташонро мо ҳамоҳанг месозем. Маҳз дар заминаи ҳамин бюроҳо мардум ёрии ҳуқуқи ройгон гирифта метавонанд. Айни замон дар 18 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 24 адад бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ амал карда, ба кор дар онҳо наздики 30 нафар ҳуқуқшиносон ҷалб шудаанд.
- Чаро ин тавр: дар 18 ноҳия 24 адад бюроҳои ҳуқуқӣ?
- Мақсади асосӣ дар он ифода меёбад, ки модели беҳтарин оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа (машваратҳои ҳуқуқӣ, шарҳу тавзеҳ, таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ (ба ҷуз мурофиавӣ) ва дигар хизматрасониҳо ба қишри осебпазири аҳолии кишвар муайян карда шавад, аз ин рӯ, ба мо зарур аст, ки се моделро мувофиқи Консепсия бисанҷем.
Модели аввал дорои ду зермодел – 1.1 ва 1.2. мебошад. Дар модели 1.1. ду ҳуқуқшинос ҷалб шуда, натанҳо дар бюро муроҷиаткунандагонро қабул мекунанд, балки ба ҷамоатҳои дурдаст ҳам рафта, ба аҳолӣ дар маҳалҳо доир ба масоили ҳуқуқӣ маслиҳат медиҳанд.
Зермодели 1.2: дар дафтари корӣ як ҳуқуқшинос ва дар ҷамаоатҳои наздик ҷуфти ҳуқуқшиносон кор карда, ба аҳолӣ дар маҳалҳо чӣ гунаву ба куҷо ва ба кӣ муроҷиат карданро зимни пайдо шудани масоили ҳуқуқӣ шарҳ медиҳанд. Яъне аҳолиро ба Бюрои давлатӣ равона мекунанд.
Дар модели 2 фаъолияти ду ҳуқуқшинос пешбинӣ шудааст: яке дар маркази ноҳия ва дигарӣ дар ҷамоати сераҳолӣ кор карда, ҳамчунин ҷуфти ҳуқуқшиносон низ ба онҳо кумак мерасонанд.
Дар маҷмӯъ барои амалисозии ин моделҳо, агар ҳисобу китоб шавад, панҷ ҳуқуқшинос ҷалб шуда, ин рақамҳо аз ҳамин ҷо бармеоянд.
Ва ниҳоят, дар модели сеюм расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон аз ҷониби намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки бар асоси тендер ба расонидани хизматгузориҳои ҳуқуқӣ ба аҳолӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд. Қобили зикр аст, ки баъди 6 моҳи амалисозии модели №3, мо таҳлил гузаронида, тасмим гирифтем, ки ба модели якум баргардем, яъне ҷалби ҳуқуқшиносони давлатӣ ба кор. Он дар шароити мо бештар бобарору муваффақ аст.
68%-и шаҳрвандон мушкилоти ҳуқуқиашонро ҳал карданд
- Бештар бо кадом масъалаҳо ба Бюроҳои давлатӣ муроҷиат мекунанд ва то чӣ андоза машваратҳо ба онҳо дастрас аст?
- Тавре таҳлил нишон дод, масоили вобаста ба қонунгузории оилавӣ аз ҳама муҳим мебошанд: масъалаҳои ситонидани алимент (кумакпулӣ барои фарзандон) ва бекор кардани ақди никоҳ, ҳамчунин ҳуқуқ ба қитъаи замин. Мушкилоти асосӣ дар муносибатҳои оилавӣ маъмулан ба бекор кардани ақди никоҳ, тақсими амволи муштарак байни ҳамсарон, имзои созишнома дар бораи ситонидани алимент, муайян кардани падарӣ, ҳамчунин ба дигар бахшҳои қонунгузорӣ дахл дорад.
Воситаҳои робита барои паҳн кардани маълумот дар бораи ёрии ҳуқуқии ройгон китобча ва варақаҳои иттилоотӣ, эълон дар рӯзномаҳо, ҳамчунин таблиғ дар макони издиҳоми мардум – бозору ҷамоат ва чойхонаҳо мебошад. Ғайр аз ин, ҳуқуқшиносон давра ба давра дар ВАО-и маҳаллӣ масоилро шарҳ дода, суханронӣ мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки мо мунтазам мониторинги сифати ёрии ҳуқуқиро мегузаронем, ки аз ҷониби ҳуқуқшиносони Бюроҳои давлатӣ расонида мешавад, муайян мекунем, ки то чӣ андоза аҳолӣ аз кори ҳуқуқшиносон қаноатманд аст. Масалан, аз шумори умумии муроҷиаткардагон ба Бюроҳои давлатӣ ҳудуди 68% машварати ҳуқуқӣ гирифтанд ва ин ба онҳо дар ҳалли мушкили ҳуқуқиашон кумак кард. Ба 32 фоизи шаҳрвандон ёрии ҳуқуқӣ мадад накард, лекин онҳо алҳол қарори суд ё баррасии аризаҳои худро интизоранд, ки ба мақомоти давлатӣ пешниҳод шудааст.
- Айни замон Марказ ва Иттифоқи адвокатҳо ба озмоиши ду модели ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон оғоз карданд. Мегуфтед, афзалияти тарзи нави кор дар чист?
- Қаблан дар Тоҷикистон чунин таҷриба вуҷуд дошт: агар ба шаҳрванд адвокат зарур мешуд, мақомоти тафтишот мебоист дар шакли хаттӣ дархост омода кардаву онро ба Иттифоқи адвокатҳо мефиристоданд ва баррасии ҳуҷҷатро интизор мешуданд. Табиист, ки вақти зиёд талаф мешуд.
Акнун дар ноҳияҳои озмоишӣ, ки мо дар онҳо ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа (намояндагии манфиатҳои шаҳрванд дар суд, ҳимоя аз айбдоркунӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурии мурофиавӣ – тавзеҳи идора) мерасонем, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судяи марбут ба тафтишот бо телефон ба маркази ҳамоҳангсозӣ муроҷиат карда, ба адвокат барои боздоштшуда дархост медиҳанд. Маркази ҳамоҳангсозӣ (дар назди Маркази мо ва Иттифоқи адвокатҳо) 24 соат шабонарӯзӣ кор мекунад ва ҳангоме ки дархостро гирифтанд, дарҳол адвокатро ба шаҳрванди эҳтиёҷдошта мефиристанд. Агар ин шаҳрванд дар гурӯҳи шахсоне бошад, ки мувофиқи Консепсия ба ёрии ҳуқуқии ройгон ҳуқуқ доранд, пас чунин кумакро мегирад. Агар ба ин гурӯҳи шахсон дохил набошад, пас ба ӯ дар асоси шартнома адвокат пешниҳод карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар назди Марказ пойгоҳи ягонаи маълумот вуҷуд дорад, ки ҳамаи ҳуқуқшиносон аз Бюроҳои давлатӣ дар бораи парвандаҳои зери тафтишашон қарордошта ба таври онлайн ба он маълумот ворид месозанд ва сипас таҳлилгарони мо ҷараёни кори онҳоро пайгирӣ мекунанд.
Яъне мо дар ҳуҷраҳои кориамон нишаста, мушкилоти ҳуқуқии ҳамаи минтақаҳоро мушоҳида карда метавонем, мушкилот дар қонунгузорӣ ё дар таҷрибаро муайян мекунем. Аз чунин тарзи кор натиҷаи хуб ҳосил мешавад.
- Ду сол пеш дар мусоҳибаи “Азия-Плюс” шумо зикр карда будед, ки бар асари мавҷуд набудани меъёрҳои баҳодиҳӣ ба хизматрасонии адвокатҳо аз рӯйи таъинот ва механизмҳои пардохти маблағи онҳо, “адвокатҳо зимни расонидани ёрии ҳукуқии ройгон дар ҷараёни тафтишот ва дар суд зимни пардохти маблағи хизматрасонии онҳо аз буҷети давлатӣ бо дучори душвориҳои муайян мешаванд”. Аз он вақт дар ин масъала ягон тағйирот сурат пазируфт?
- Дар ин самт мо аллакай натиҷаҳои муайян ба даст овардем. Соли 2017 Вазорати адлия “Тартиботи муваққатӣ дар соҳаи пешниҳоди ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ” ва “Тартиби ҳамкории мутақобила дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ”-ро тасдиқ кард, ки дар онҳо аз ҷумла, тартиби пардохти хизматрасонии адвокат низ пешбинӣ шудааст.
Чаро муваққатӣ? Чун мо рӯйи озмоиши моделҳо дар доираи Консепсия кор мекунем, бисёре аз масъалаҳои ҳамкорӣ ба вазорату идораҳои манфиатдор дахл доранд. Ва чун ҳоло лоиҳа ба охир нарасидаву хусусияти озмоишӣ дорад, санади муваққатии байниидоравӣ таҳия ва ба имзо расид, ки кори муштарак оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони муроҷиаткардаро танзим мекунад. Бар асоси ин ҳуҷҷат мо аллакай дар 3-4 ноҳияи озмоишӣ маблағи хизматрасонии адвокатҳоро пардохт кардем.
Ёрии ҳуқуқӣ ба тоҷикистониён дастрастар мешавад
- Минбаъд пас аз иҷрои бандҳои дар Консепсия зикршуда чӣ мешавад?
- Моҳиятан ислоҳот дар низоми адвокатура, ки ба таҳияи қонуни танзимкунандаи фаъолияти адвокатҳо равона шуда буд, зарурати таҳияи Консепсияро пеш овард. Ин ҳам қонуни конститусионӣ “Дар бораи адвокатура” буд, ки ба таҳияи механизми истифодаи он эҳтиёҷ дошт. Дар ин ҳолат зарурати таҳияи Консепсияи мукаммал пеш омада, он минбаъд асоси дигар қонун – “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” хоҳад шуд. Бояд бигӯям, ки барои таҳияи консепсия ва таъсиси Марказ гурӯҳи корӣ таҷрибаи бисёр кишварҳо (Молдова, Украина, Россия, Гурҷистон, Қазоқистон, Эстония, Финландия), бахусус таҷрибаи Литваро омӯхт, ки дар навбати худ аз низоми ҳуқуқии Нидерланд истифода бурдааст. Албатта, зимни кор бо санад мо ба таҷрибаи миллии худ такя кардем, лекин меъёрҳои байнулмилалиро ҳам ба инобат гирифтем.
Комилан имконпазир аст, ки пас аз амалисозии марҳилаи дуюм, вақте имконоти Маркази мо тақвият меёбад, дар кишвар қонуне таҳия ва қабул хоҳад шуд, ки тамоми низоми ёрии ҳуқуқиро дар Тоҷикистон танзим хоҳад кард. Зеро дастрасии ҳамаи қишрҳои аҳолӣ ба адолати судӣ ба манфиати мардум ва дар маҷмӯъ кишвар аст.