Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар ҷумҳурӣ "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон гардид. Мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он дониста мешавад.
Бо назардошти ин санаи 23-юми соли равон аз ҷониби муовини директори Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳқуқӣ"-и Вазорати адлияи ҶТ ва мудири шуъбаи кадрҳоии муассиса Салимзода Асадулло дар шаҳри Ваҳдат бо сокинон ва кормандони касбу кори гуногун семинар-машварат ҷиҳати моҳифти эълон гардинаи "Соли маърифати ҳуқуқӣ", арзиши оли доштани инсон дар қонқнгузори кишвар, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун ва дигар масоили ҳуқуқӣ ташкилу баргузор гардид.