Вобаста ба таылили 30-мин солгарди Конститутсияии Ҷумҳирии Тоҷикистон ва эълон гардидани 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” гурӯҳи кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону сокинони ноҳияи Ашт суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвару ҳуқуқбунёд маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муҳим дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми соҳаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам оварда, дастоварди муҳимтарин барои давлату миллати тоҷик муҳсуб меёбад. Ҳамзамон дар идомаи вохӯрӣ доир ба дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ суҳбати озод ва суолу ҷавб баргузор гардид.