Аз эълонт гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Пешвои миллат, Президети кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи ҶТ нақша-чорабиниҳоро ҷиҳати гузаронидани вохӯрӣ ва семинар-машваратҳои ҳуқуқӣ бо сокинони навоҳии мамлакат ба роҳ монданд. Дар ин замина Санаи 22-юми июли соли равон бо иштироки диреткори Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ” Нусрулло Солеҳзода Файзулло ва сармутахассиси бахши кадрҳо ва коргузории муассиса Шарифзод Абдулазиз дар семинар-машварати ҳуқуқиро бо сокинони шаҳри Истарашани вилояти Суғд ташикилу баргузор намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Насрулло Солеҳзода Файзулло диреткори Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи ҶТ баромад намуда, иброз доштанд, ки яке аз сабабҳои эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳқуқуқӣ” ба хотири 30-юмин солгарди санади сарнавиштсози миллат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки онро соли 1994 халқи тоҷик таҳти роҳбарии Сарвари давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул кардаанд. Мусалламан инкишофу рушди ҷомеаи имрӯзаи мо дар партави фазои ҳуқуқие, ки Конститутсия фароҳам овардааст, асос меёбад. Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд муҳим буда, он боэътимодтарин омили ҳуқуқии ташаккули давлатдории миллӣ мебошад.
Ҳамзамон номбурда роҷеъ ба ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, барои пурра дарк намудани “Соли маърфиати ҳуқуқӣ” ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон изҳори андеша намуданд.
Дар идома гуфта шуд, Маркази ёрии ҳуқуқӣ минбаъд низ дар дигар шаҳру навоҳии мамлкат чунин семинар-машваратҳои ҳуқуқиро баҳри дарку муҳимияти эълон гардидани “Солии маърифати ҳуқуқӣ” ташкилу баргузор менамоя.