“БАХШИДА БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024-УМ ҲАМЧУН СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”
МИЗИ МУДАВВАР БО ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ СУД ВА МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВОБАСТА БА РАСОНДАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚИИ ДУЮМДАРАҶА
Муассисаи давлтии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 марти соли 2024-ум дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе дар самти расондани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бо парвандаҳои ҷиноятӣ мутобиқи қонунгузорӣ мизи мудавварро бо иштироки намояндагони суд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд, баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур вазири адлия Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Музаффар Ашуриён, намояндаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Шакарбек Ниятбеков ва кормандони суд, мақомоти прокуратура, корҳои доҳилӣ, амнияти миллӣ, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва маводи нашъаовар, инчунин адвокатҳо иштирок намуданд.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур иброз доштанд, ки дастрасӣ ба адолат яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд мебошад, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ кафолат дода шудааст.
Бо мақсади гузариш ба марҳилаи нави рушди ёрии ҳуқуқӣ ва такмили низоми расондани ёрии ҳуқуқӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №425 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ба ислоҳоти куллии ин низом нигаронида шуда, ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба халқи Тоҷикистон мебошад.
Вазорати адлия барои дастрас гардондани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандон бо ҷалби шарикони рушд Консепсияи номбурдаро дар ҷумҳурӣ амалӣ намуд.
Дар натиҷаи амалишавии ин Консепсия соли 2020-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” қабул карда шуд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти расондани ёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда, роҳҳои амалишавии ҳуқуқ ва уҳдадории шахсони воқеиро ҳангоми ба онҳо расондани ёрии ҳуқуқӣ муайян менамояд.
Аз соли 2016-ум то ба имрӯз даp 49 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои расондани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа фаъолияти ҳуқуқшиносони давлатӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин давра аз ҷониби ҳуқуқшиносони давлатӣ ба зиёда аз 115 ҳазор шаҳрванд ёрии ҳуқуқии якумдараҷа расонда шуд.
Хотирнишон менамоем, ки аз соли 2017-ум дар ҳудуди вилоятҳои Хатлон ва Суғд ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бо парвандаҳои ҷиноятӣ роҳандозӣ гардида буд.
Соли 2022-ум кор дар ин самт тақвият ёфта, ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба роҳ монда шуд.
Аз соли 2017-ум то соли 2023-ум ба 4079 шаҳрванд ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бо парвандаҳои ҷиноятӣ расонда шуд, ки маблағи пардохти ҳаққи хизмати адвокатҳо зиёда аз 677 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда ба кормандони суд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид менамоям, ки ҳангоми пеш омадани зарурат барои таъмини адвокати ройгон бо парвандаҳои ҷиноятӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ба маркази ҳамоҳангсозии Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлия дархост намоед.
Бояд зикр кард, ки вобаста ба эълон гардидани соли 2024-ум ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” тарғибу ташвиқ ва маънидодкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузарондани мизҳои мудаввар ва суҳбату вохӯриҳо мувофиқи мақсад мебошад.
Ҳамзамон, мутобиқи қонунгузорӣ дар баробари Вазорати адлия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд ва Иттифоқи адвокатҳо уҳдадор гардидаанд, ки дар самти расондани ёрии ҳуқуқӣ ҳамкорӣ намуда, саҳми худро гузоранд.
Таҳлили фаъолият нишон дод, ки ҳамкории Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлия бо Иттифоқи адвокатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд дар самти расондани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба беҳбудӣ ниёз дорад.
Умедвор ҳастем, ки корҳо дар самти расондани ёрии ҳуқуқӣ бо дарки масъулияти ҳар як иштирокчии чорабинии имрӯза минбаъд низ тақвият ёфта, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” дар самти расондани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба пуррагӣ амалӣ мешавад.
Дар охир вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳо ва иҷрои вазифаҳои худ барору комёбиҳо таманно карда, ба Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон барои баргузор намудани чорабинии мазкур миннатдорӣ баён намуданд.