Дар ҳошияи таҷлил аз ҷашни 31 – солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2023 дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикситон бо иштироки намояндагони дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар якҷоягӣ бо Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикситон ва Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикситон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар партави «31 – солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шуд.
Дар ҷараёни кори ҳамоиш маърузаҳо ва фикру мулоҳизаҳои иштирокчиён вобаста ба муҳимият ва заминаҳои гиромидошти солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон таҷлил гардидани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз карда шуданд.