Дар ҳошияи талқини сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 22 ноябри соли 2023 дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри сиёсию оммавӣ, аз ҷумла 22 ҷилди силсиламаҷмӯаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» баргузор карда шуд, ки дар чорабинии мазкур намояндагони дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе, Саридораи нотариалии давлатӣ, идораҳои нотариалии давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» иштирок намуда, аз китобҳои дар маъраз гузошташуда харидорӣ карданд.