Якбора дар якчанд минтақаҳои Тоҷикистон ҳар як хоҳишманд аз ҳуқуқшиносони маҳаллӣ кумаки ройгон гирифта метавонад. Ин чӣ гуна амалӣ мешавад?
Се сол пеш дар Тоҷикистон Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон қабул шуд, ки дар яке аз бандҳояш таъсиси бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар пешбинӣ шудааст. Онҳо таъсис ёфта, фаъолият доранд.
Мо бо ҳуқуқшиноси соҳибтаҷриба суҳбат кардем, ки Душанберо тарк карда, ба ноҳияи Ёвон кӯчид, то ки ба одамон кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонад. Талош меварзем, ки сабабашро фаҳмонем.
Шинос шавед – Алишер Холмуродзода, сарҳуқуқшиноси Бюрои давлатии ҳуқуқии ноҳияи Ёвон. Ӯ аз Душанбе ба ноҳия кӯч баст, то ки ба ҳамдиёрони худ кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонад.
То ба Ёвон кӯчидан Алишер муддати 5 сол дар яке аз ширкатҳои хусусии Душанбе ба сифати ҳуқуқшинос кор мекард. Баъдан тасмим гирифт, ки ба зодгоҳ бармегардад. Маълум шуд, ки нисбат ба пойтахт, кор дар деҳот шавқовартар аст.
- Ҷое, ки одамону тақдиру сарнавишт ҳаст, ҳамеша шавқовар аст. Ин ҷо ҳодисаҳое ҳастанд, ки филм наворбардорӣ кардан мумкин аст! – мегӯяд Алишер.
Наздики 60%-и мизоҷони ӯ занон мебошанд; бештар касоне, ки баъди ҷудошавӣ аз шавҳар ба мушкилоти тақсими амвол дучор шудаанд. Агар мард аз додани алимент саркашӣ кунад, даромадҳои худро аз давлат пинҳон нигоҳ доштанӣ шавад ё кӯшиш кунад, ки фарзандонашро бехона монад, ҳамаи ноҳияи Ёвон медонанд, ки ба назди ҳуқуқшиноси ройгон рафтан лозим аст, ӯ кумак мекунад.
Дуруст аст, ки баъзан худи мардон низ ба ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ доранд.
- Бубинед, ҷавонон тӯйи арӯсӣ меороянд, лекин як моҳ ҳам бо ҳамдигар зиндагӣ накарда, ҷудо мешаванд. Зан хона талаб мекунад, - ҳикоят мекунад Алишер. - Шавҳар дар Ёвон ҳам хона дораду дар Русия низ. Собиқ занаш мехоҳад, ки тариқи суд хона дар Ёвонро барои худ бигирад. Дар ин гуна ҳолатҳо қонун маъмулан ҷонибдори занон аст. Лекин мо эътироз оварда, исбот кардем, ки дар муддати як моҳ ҷамъоварии амволи муштарак ғайриимкон буда, зан аз аввал нияти барқасдона дошт.
Боз як масъалаи рӯзмарра барои сокинони ноҳияи Ёвон гирифтани қитъаи замин барои таъсиси хоҷагии деҳқонӣ мебошад. Дар ин ҳолат ҳам ҳуқуқшинос лозим аст.
- Мо дар оила панҷ нафарем – ману занам ва кӯдакон дар манзили якҳуҷрагӣ зиндагӣ дорем. Фарзандон калон шуданд, онҳоро ба наздикӣ зану шавҳар додан зарур аст, манзилро васеъ кардан лозим аст, вале барои ин маблағ нест. Чӣ кор мебояд кард? – ҳикоят мекунад сокини маҳаллӣ Нуриддин Назиров.
Барои ҳалли ин масъала шиносҳо ба Нуриддин маслиҳат доданд, ки ба ҳуқуқшиноси ройгон Алишер муроҷиат кунад. Мард аввал бовар надошт, ки ҳуқуқшинос кумак расонида метавонад ва барои ин ҳатто пул намегирад. Аммо хушбахтона, хато кард.
- Ҳамааш барор гирифт! Худоро шукр, ҳукумат ба ман қитъаи замин ҷудо кард, ки акнун дар он мо метавонем хона созем, хоҷагиро ба роҳ монда, мисли дигар одамон хуб зиндагӣ кунем. Дар ҳамаи ин корҳо акаи Алишер – ҳуқуқшиноси мо ба ман кумак кард. Ба ман маслиҳатҳои зиёд дода, ҷиҳати ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ёрӣ расонид. Ӯ шахси хеле босавод аст. Бархе даҳсолаҳо давутоз карда, ба натиҷае намерасанд. Ин ҷо бошад, мо дар муддати якчанд моҳ ба қитъаи замин соҳиб шудем, - мегӯяд Назиров.
Бюрои давлатии ҳуқуқӣ муддати 2,5 сол аст, ки дар ноҳияи Ёвон фаъолият дошта, дар ин муддат 360 нафар ба он муроҷиат кардаанд. Ҳуқуқшинос Алишер Холмуродзода қариб ба тамоми он корҳое, ки мутахассисони мустақил сарукор доранд, машғул аст. Танҳо комилан ройгон.