Якбора дар якчанд минтақаҳои Тоҷикистон ҳар як хоҳишманд аз ҳуқуқшиносони маҳаллӣ кумаки ройгон гирифта метавонад. Ин чӣ гуна амалӣ мешавад?
Се сол пеш дар Тоҷикистон Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон қабул шуд, ки дар яке аз бандҳояш таъсиси бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар пешбинӣ шудааст. Онҳо таъсис ёфта, фаъолият доранд.
Мо ба Панҷакент раҳсипор шудем, то ки бо шахси маъруф дар ин мавзеъ Дилфуза Эсоева, ҳуқуқшиноси ройгон шинос шавем, ки ӯро ҳамаи ноҳия мешиносад.
Дилфуза Эсоева, ҳуқуқшиноси ройгон дар Панҷакент; ин ҷо ӯ шахси маъруфи маҳаллист. Агар аз ҳар роҳгузар бипурсӣ, ки оё Дилфуза Эсоеваро мешиносаду ӯро дар куҷо метавон пайдо кард, посух медиҳад, ки ӯ ҳуқуқшиноси ройгон аст ва боз чанд ҳодисаи чӣ гуна ба одамон кумак кардани ӯро ҳам ба хотир оварда метавонад.
Дилфуза сокинонро дар бюрои давлатӣ дар ноҳияи Панҷакент қабул мекунад, ки яке аз аввалин бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
- Назди ман шахсони касбу кори гуногун меоянд – муаллимон, соҳибкорон, фермерон, лекин бештар деҳконони оддӣ – шахсон аз қишри камбизоати аҳолӣ мебошанд, ки натанҳо барои кирои ҳуқуқшиноси пулакӣ, балки барои таъмини рӯзгори худ ҳам маблағи кофие надоранд.
Дилфуза мегӯяд, бисёр вақт одамон назди ӯ бо мушкилоти пайдошудаи замонҳои пешин меоянд, аммо чун он замон одамон дар бораи чӣ гуна ҳал кардани он огаҳиву маблағ надоштанд ва касе набуд, ки дар ин кор ба онҳо кумак кунад, масъала даҳсолаҳо ҳалношуда боқӣ мемонд.
Боз муроҷиаткунандагони ҷиддӣ занон, бахусус онҳое мебошанд, ки бе шавҳар мондаанд. Ин гуна занони деҳоти Тоҷикистон ба мушкилоти ҳуқуқӣ дучор шуда, бисёр вақт комилан бе кумак мемонанд.
- Масалан, зане муроҷиат кард, ки никоҳи мусулмонӣ дошт ва дар шиносномааш муҳри ақди никоҳ нест. Шавҳараш дар садама ҳалок шуда, ӯ бо фарзандонаш танҳо мондааст, бидуни кору воситаи таъмини рӯзгори оила, - ҳикоят мекунад Дилфуза. - Ба ман барои кумак муроҷиат кард, вале маълум шуд, ки кӯдаконаш ҳатто шаҳодатномаи таваллуд надоранд, яъне ӯ аз давлат ёрии моддӣ гирифта наметавонад.
Ҳамроҳи мизоҷаш Дилфуза ба идораи САҲШ рафт. Сипас иқтибос гирифта, ба суд муроҷиат карданд, то ки далели падарӣ муайян шуда, ҳуҷҷатҳои дахлдор ба расмият дароварда шавад.
- Ҳозир ҳамаи фарзандони ӯ шаҳодатнома дар бораи таваллуд доранд, кӯдакон ному насаби падарашонро гирифта, аз давлат ёрии моддии пешбинишударо мегиранд, - мегӯяд Дилфуза.
Ба гуфтаи Дилфуза Эсоева, 80%-и аҳолии Панҷакент ҳуқуқҳои асосии худро хуб намедонанд; танҳо дар ҳолатҳои ночор ба ҳуқуқшиносон муроҷиат мекунанд.
Аз ин рӯ, ӯ ба гузаронидани машваратҳои сайёр дар деҳот оғоз кард, ки дар онҳо ба сокинони оддӣ дар бораи ҳуқуқу имконоташон маълумот дода, ба ҳамаи саволҳои мавриди таваҷҷуҳи онҳо посух мегӯяд. Чанде пеш дар радиои маҳаллӣ доир ба ин масъалаҳо барномаи махсус роҳандозӣ шуд.
- Баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии мост, - зикр мекунад Дилфуза.
Бюрои давлатии ҳуқуқӣ муддати 2,5 сол аст, ки дар Панҷакент фаъолият дошта, дар ин муддат наздики 800 нафар нафар ба он муроҷиат кардаанд. Ҳуқуқшинос Дилфуза Эсоева қариб ба тамоми он корҳое, ки мутахассисони мустақил сарукор доранд, машғул аст. Танҳо комилан ройгон.