Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 22-юми апрел дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаи қонун “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ”-ро қабул кард.
Муовини аввали вазири адлияи ҷумҳурӣ Абдуманнон Холиқзода изҳор дошт, ки мутобиқи Конститутсияи ҶТ, дар ҳамаи зинаҳои тафтишот ва суд ба ҳар кас ҳимояи судӣ, истифода аз хизматрасонии адвокат аз лаҳзаи боздошт ва ёрии ҳуқуқӣ кафолат дода мешавад. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, гирифтани ёрии ҳуқуқӣ бо кодексҳои мурофиавии ҷумҳурӣ муайян карда мешавад.
Лекин, зикр кард Холиқзода, низоми ёрии ҳуқуқии ройгон, ки пурра ё қисман аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат таъмин мешавад, ба такмил ниёз дорад ва дар ин робита лоиҳаи қонуни мазкур таҳия шудааст.
Муовини вазир мутмаин аст, ки қонуни нав механизми пешниҳоди ёрии ҳуқуқиро осонтар карда, мушкилоти мавҷударо дар ин самт бартараф месозад.
Ғайр аз ин, идома дод Холиқзода, қонун барои таъмини иҷрои уҳдадориҳои байнулмилалии ба зимма гирифтаи Тоҷикистон қабул мешавад.
Ӯ дар бораи нигаронии Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар робита ба дастнорас будани ёрии ҳуқуқии ройгон барои шахсони ниёзманд аз ҷониби давлат изҳори назар кард.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар, таъмини ибтидоии хароҷоти лоиҳаро созмонҳои ёрирасон ба зимма гирифтаанд. Тибқи тавофуқи бадастомада, буҷети лоиҳа аз таносуби 90 фоиз саҳми ташкилот ва 10 фоиз саҳми буҷети давлатӣ оғоз гардида, давра ба давра бо зиёд кардани ҳиссаи давлат то ба 100 фоиз то соли 2025 идома меёбад.