Рӯзҳои 23-24 октябри соли 2018 бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази ёри ҳуқуқӣ” ва дастгирии шарикони рушд барои машваратчиёни ҳуқуқӣ (пара-ҳуқуқшиносон) дар бинои Душанбе-Плаза семинар гузаронида шуд.
Дар семинари мазкур 60 нафар машваратчиёни ҳуқуқӣ ва 12 нафар ҳуқуқшиносони бюроҳои давлатии ҳуқуқии шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷриба мешавад, иштирок карданд.
Аз ҷониби роҳбарияти Муассиса 8 нафар машваратчиёни ҳуқуқии фаъоли соли 2018, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо ифтихорнома сарфароз карда шуданд.