Моддаи 16. Марказҳои ёрирасон
1. Марказҳои ёрирасон аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ дар шакли муассиса таъсис дода мешаванд. Марказҳои ёрирасон шахси ҳуқуқӣ буда, ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мансубанд ва фаъолияти худро дар асоси низомнома ё оиннома амалӣ менамоянд.
2. Марказҳои ёрирасон оид ба пешгирӣ ва ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқӣ аз зӯроварӣ дар оила вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:
- иштирок дар татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- қабули ҷабрдидагон;
- ба таври ройгон ба ҷабрдида расонидани кӯмаки зарурии тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ;
- додани паноҳгоҳ барои будубоши муваққатии ҷабрдида;
- ба мақомоти корҳои дохилӣ бо розигии ҷабрдида пешниҳод намудани маълумот дар бораи далелҳои ошкоршудаи таҳдиди воқеии содир намудани зӯроварӣ дар оила ё далелҳои содир шудани чунин зӯроварӣ;
- таҳлил ва ҷамъбасти сабаб ва шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳсозии аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- бо дархости дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила пешниҳод намудани маълумот доир ба ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила;
- вазифаҳои дигаре, ки низомнома ё оинномаи маркази ёрирасон пешбинӣ намудаанд.
