Дар доираи лоиҳаи "Дастрасӣ ба адолат" дар шаҳри Гулистони вилости Суғд семинар - чорабинии “Тимбилдинг” барои кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷистон оғоз ёфт. Дар семинар роҷеъ ба роҳҳои ҷалб намудани ёрдамчиёни ҷамъиятӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ, ҳал намудани мушкилот, механизми ҳавасмандгардонии ёрдамчиёни ҷамъиятӣ ва дигар масоил мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар идома дигар иштирокчиён баромад намуда, роҷеъ ба ҳадафу мақсадҳои баргузории чорабинӣ андешаҳои худро баён намуданд. Ҳамзамон семинар дар бахшҳои алоҳида сурат гирфт. Дар рӯзи якуми “Тимбилдинг” намояндагони лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолат” кор дар лоиҳа, дастовардҳо ва мушкилоти мавҷударо бо ҳуқуқшиносони давлатӣ муҳокима карданд.
Гуфта мешавад, ки “Тимбилдинг” як имконияти беҳтарин барои кормандон мебошад, ки аз якдигар омӯзанд ва ҳамчун як коллектив якҷоя кор кунанд.