Бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани нақша чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 санаи 1-уми июли соли ҷорӣ тавассути микроавтобусҳо ёрии хуқуқии ройгон намояндагони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар деҳоти Оламафрӯзи ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара ташкил карда шуд.
Зимни суҳбату вохӯрӣ аз ҷониби ҳуқуқшиносони давлатӣ, кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариусони давлатӣ ба сокинони ҷамоати мазкур доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ба монандаи гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, гирифтани нафақа ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ машварат дода шуд ва таъкид намуданд, ки барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуди фарзандони худ саривақт муроҷиат намоянд. Дар натиҷаи гузаронидани суҳбату вохӯриҳо ба як қатор кӯдакон шаҳодатномаҳои таваллуд аз ҷониби масъулини бахши САҲШ-и ноҳияи Данғара тақдим карда шуд.
Гуфта мешавад, ки чунин суҳбату вохӯриҳо бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дониста шуда, тибқи нақша дар назар аст, ки дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат гузаронида шавад.