Бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони касбу кори гуногуни мамлакат, ки нишондиҳандаҳои баланди касбӣ аз худ зоҳир намудаанд бо мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Дар ин радиф Бобозода Фаридун Сайфиддин – мудири бахши ташкили ёрии ҳуқуқии якумдараҷаи Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шуд.
Мукофотҳои давлатиро санаи 7 сентябри соли 2023 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дар ҳузури муовини якум, муовинони вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанавор супориданд.