Маркази ёрии ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Ассотсиатсияи “Ҳелветас Свисс Интеркооперейшен” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-18 марти соли 2023 дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” тренинги омӯзиширо барои ҳуқуқшиносони давлатӣ ва дигар кормандони Маркази ёрии ҳуқуқӣ баргузор намуд. Дар тренинги мазкур, инчунин ҷонишини намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид - Элиза Калкатера ва директори минтақавии Хелветас дар Осиёи Марказӣ - Аня де Бир иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози чорабинӣ ҳамкориҳо бо намояндагони рушд, дастгирии онҳо дар ин самт, натиҷаи фаъолияти умумии кормандони Маркази ёрии ҳуқуқӣ дар соли 2022 иброз гардид. Инчунин, кормандони фаъол қадрдони карда шуданд.
Дар қисмати омӯзишӣ сардори раёсати ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳабибуллозода Раҷабмоҳ дар мавзӯи “Меъёрҳои асоси ва ҳуқуқтатбиқкунии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, проректор оид ба корҳои таълимӣ Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- Абдухолиқзода Акмал Маҳмадӣ дар мавзуъи “Муқовимат ба савдои одамон”, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода Маҳмад Забир доир ба навигариҳои Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 2 рӯз баромад намуданд.
Ҳамзамон Азиза Мавлянова, корманди Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба ҳуқуқшиносони давлатӣ тарзи омода намудани “Парвандаи ҳуқуқӣ” (Кейс нот)-ро нишон дод.
Дар охир фикру мулоҳизаҳои кормандон оид ба масъалаҳои ҷойдошта гирифта шуд ва барои беҳтар намудани фаъолият тавсияҳо дода шуд.