Ҳамоиши мазкурро ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Собирзода Исфандиёр Салом ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба муҳимияти паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат андешарони намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби и.в. директори Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқи»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳим Зафар Ҳаким оид ба нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули раванди бунёдкориву созандагӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиши мазкур аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Мирзоқодир Аюб маъруза роҷеъ ба татбиқи босамар ва ҳадафмандонаи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022, пешниҳод гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ бобати ҳадафҳои бунёдӣ ва ояндабинонаи паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳозирин ибрози андеша намуданд.