16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) баргузор гардид. Дар он вақт танҳо Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи мазкур муайян сохт. Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Маҳз Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Аз ин рӯ Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд.
Бояд иброз намуд, ки Иҷлосия тавонист қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсоз қабул намояд. Муҳимтарин дастоварди Иҷлосия тантанаи қонун ва бо роҳи конститутсионӣ ҳаллу фасл кардани тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризояти миллӣ, якпорчагии Ватан ва сулҳ таъмин карда шавад.
Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад. Ба шарофати роҳи муайяннамудаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва бо нияти татбиқи қарорҳои он халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва бо мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шуданд.
Ҳанӯз дар лаҳзаҳои ҳассоси Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қатъият изҳор намуда буд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».
Таҳти раёсати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия XVI Шӯрои Олӣ як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.
Маҳз бо шарофати иҷлосияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии кишварро таҳия ва қабул намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии пешрафти ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро мушаххас муайян намудааст.
Дар ҳақиқат, Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот дода, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.
Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмӯъ, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакат, инчунин мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян намуд, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.
Имрӯз метавон гуфт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба миён овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.
Шеҳрон Раҳимзода,
сармутахассиси Маркази ёрии
ҳуқуқии Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон