16 августи соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири адлия, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ҳуқуқшиносони давлатии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Музаффар Ашуриён иброз доштанд, ки мақсад аз баргузор намудани ҷаласаи кории мазкур муаррифӣ намудани ҳуқуқшиносони давлатӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва таҳким бахшидани фаъолияти онҳо ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон мебошад.
Доир ба масъалаи матраҳшаванда, зикр гардид, ки аз соли 2016 инҷониб Вазорати адлия якҷо бо шарикони рушд – Барномаи Рушди Созмони Миллали Мутаҳид ва Филиали Ассатсиатсияи “Хелветас Свисс Интеркооперейшен” дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат” расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеа амалӣ карда мешавад.
Аз соли 2016 то соли 2022 дар 34 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дар вилоятҳои Суғду Хатлон ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба роҳ монда шуда, дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба 7110 шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгон расонида шуддаст.
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ аз ҷумла: Ваҳдат, Шаҳринав, Нуробод, Тоҷикобод, Турсунзода, Рашт, Рӯдакӣ, Файзобод, Ҳисор ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ба роҳ монда шудааст.
Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ҳуқуқшиносони давлатӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар 9 шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ бо иштироки зиёда аз 2124 шаҳрванд 89 ҷаласаҳои сайёр доир намудаанд.
Саҳми ёрдамчиёни ҷамъяитӣ (параҳуқуқшиносон), ки фаъолони ҷомеа мебошанд дар раванди расонидани ёрии ҳуқуқӣ зиёд буда, дар давоми панҷ сол дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Шаҳринав, Тоҷикобод, Рашт, Турсунзода фаъолияти онҳо зина ба зина ба роҳ монда шуда, айни замон 57 ёрдамчии ҷамъиятӣ фаъолият меномоянд, ки аз ҷониби онҳо ба 5528 шаҳрванд иттилооти ҳуқуқӣ росонида шуддаст.
Зикр гардид, ки мақсади фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ мебошад.
Ҳамчунин, аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқшиносони давлатӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо муаррифи карда шуданд ва аз онҳо талаб карда шуд, ки баҳри амали гардонидани раванди ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон бо ҳуқуқшиносони ҳамкории зичро ба роҳ монанд.