Дар Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» 3 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва ҳуқуқшиносони давлатӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
1. Ҷамъбасти фаъолияти Муассиса дар нимсолаи аввали соли 2022;
2. Муҳокимаи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгири ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда аз 21 июли соли 2022, №4.1-2054;
3. Ба ҳуқуқшиносони давлатӣ супоридани планшетҳо.
Дар ҷаласаи мазкур натиҷаи фаъолияти нимсолаи аввали соли 2022 муҳокима шуда, ҷиҳати самаранок ва босифат анҷом додани вазифаҳои хизматӣ дар нисолаи дуюми соли 2022 ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷониби роҳбарият ба кормандон супоришҳо дода шуд.
Вобаста ба пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгири ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда раиси иттифоқи касабаи кормандон маърӯза намуда, мазмуни пешниҳоди мазкур ба самъи кормандон расонида шуд ва ҷиҳати роҳ надодан ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт тамоми кормандон огоҳонида шуданд.
Ҳамзамон, дар Ҷаласа барои пешбурди фаъолияти корӣ бо тартиби муқарраршуда ба 28 ҳуқуқшиносӣ давлатӣ планшети “Samsung tab a 7” супорида шуд.