10 июн дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва бо ҳузури муовини Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин дигар масъулини соҳа доир шуд.
Раиси вилоят дар оғоз қайд намуд, ки дар ҷаласаи корӣ самтҳои ҳамкориҳои мутақобила вобаста ба таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ баррасӣ карда мешавад. Қайд карда шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят биноҳои нав ва шароити мусоиди корӣ барои кормандони адлия фароҳам оварда шудааст ва мутахассисони соҳа ба шаҳрвандон кӯмакҳои ҳуқуқӣ мерасонанд.
Сипас Музаффар Ашуриён, вазири адлияи кишвар зимни суҳбат таъкид кард, ки расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеа яке аз афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз соли 2016 инҷониб Вазорати адлия якҷо бо шарикони рушд дар Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат” расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеаро ба роҳ монда истодааст.
Лоиқ Нусратиён, директори Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» низ дар суҳбат иброз дошт, ки аз соли 2016 то соли 2022 дар 34 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дар вилоятҳои Суғду Хатлон ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба роҳ монда шуда, дар ин давра дар миқёси ҷумҳурӣ ба зиёда аз 90 ҳазор шаҳрванд, аз ҷумла дар вилоти Суғд ба 48 ҳазору 868 шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгон расонида шудааст.
Имрўз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла Панҷакент, Исфара, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ашт ва Айнӣ расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бошад, ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифат ва дониши ҳуқуқии аҳолӣ ҳуқуқшиносон дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мунтазам ҷаласаҳои сайёр доир менамоянд.
Дар охири ҷаласа Раиси вилоят изҳори боварӣ кард, ки масъулини соҳа фаъолиятро дар самти таълиму тарбия ва таблиғоти ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ густариш дода, дар ин ҷода ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.
Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд