Ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа шакли хизматрасонии ҳуқуқие мебошад, ки аз тарафи давлат кафолат дода шуда, дар асос ва бо тартиби пешбиникардаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ шахсони зерин ҳуқуқ доранд:
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудае, ки ба ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад, вале имконияти пардохти чунин хизматрасониро надорад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудаи ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и ӯ имконияти пардохти чунин хизматрасониро надоранд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшуда бинобар камбудиҳои ҷисмонӣ ё рӯҳӣ ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда наметавонанд;
- айбдоршавандае, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ мекунад;
- агар шахс дар содир намудани ҷинояте айбдор карда шавад, ки барои он ҷазои қатл ё ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан пешбинӣ шуда бошад;
- судшавандае, ки таҳти ҳабс қарор дошта, аз ҳозир шудан ба маҷлиси судӣ саркашӣ менамояд;
- ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ва ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд.
Тартиби расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ:
1. Дар сурати воқеан дастгир шудани шахс, татбиқи чораи пешгирӣ дар шакли ба ҳабс гирифтан, оғози парвандаи ҷиноятӣ, баррасии парвандаҳо дар суди марҳилаи якум, пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ, инчунин бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя ба маркази ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати сафарбар кардани адвокат тавассути телефон бояд дархост намояд.
2. Зимни дархост таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя ба маркази ҳамоҳангсозӣ оид ба шахсияти худ (мақом ва мансаби ишғолнамуда) ва шахсияти дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда, макони пешбурди парванда маълумоти мушаххас пешниҳод менамояд.
3. Бо мақсади таъмини кафолати конститутсионӣ оид ба таъмини саривақтии шахси дастгиршуда бо ҳимоятгар вақти дархости таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва ё судя аз ҷониби маркази ҳамоҳангсозӣ сабт карда мешавад.
4. Маркази ҳамоҳангсозӣ пас аз қабули дархост иттилои аввалияро ба низоми худкори иттилоотӣ фавран ворид менамояд ва бо адвокате, ки ӯро низоми худкори иттилоотӣ муайян кардааст, дар тамос шуда, ӯро барои расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа сафарбар менамояд. Дар сурати ҷой доштани нуқсонҳои техникӣ дар низоми худкори иттилоотӣ, маркази ҳамоҳангсозӣ маълумотро ба дафтари махсус ворид намуда, барои сафарбар кардани адвокат аз рӯи навбат чораҳои зарурӣ меандешад.
5. Адвокат пас аз қабули дархост аз маркази ҳамоҳангсозӣ, ордерро ба таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва судя пешкаш менамояд. Пас аз вохӯрӣ бо дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда, адвокат якҷоя бо дархосткунанда муайян мекунад, ки оё ин шахс барои гирифтани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ҳуқуқ дорад ё не. Ҳангоми муайян кардани ҳуқуқи шахс ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа, адвокат ба иҷрои вазифаҳои худ оғоз мекунад ва маълумоти иловагиро ба низоми худкори иттилоотӣ ворид менамояд. Агар шахс чунин ҳуқуқро надошта бошад, адвокат метавонад ӯро ба таври умумӣ дар асоси созишнома ҳимоя намояд.
6. Дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда метавонад дар лаҳзаи дилхоҳи пешбурди тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ, бо далели қонеъ набуданаш аз хизматрасониҳои адвокат даст кашад. Дар чунин ҳолат таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя метавонанд ба маркази ҳамоҳангсозӣ бо дархост оид ба иваз кардани адвокат муроҷиат намоянд. Ҳама гуна дасткашӣ ва ивази ҳимоятгар мутобиқи муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
7. Дар қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд дар бораи пардохти ҳаққи хизмати адвокат маълумот дар бораи моҳияти парванда, сана ва вақти дархост ба маркази ҳамоҳангсозӣ, таъмин бо адвокат, рӯзҳои иштироки адвокат дар парванда бо нишон додани ҳаракатҳои мурофиавие, ки дар онҳо иштирок кардааст, муфассал баён мегарданд. Агар адвокат дар парванда дар рӯзҳои истироҳат (шанбе, якшанбе) ва рӯзҳои иди ғайрикорӣ ё ин ки дар вақти шабона иштирок намуда бошад, ин бояд дар қарор ё таъинот мушаххас нишон дода шавад. Дар қарор ё таъинот оид ба пардохти ҳаққи хизмати адвокат андозаи ҳаққи хизмат барои иштироки адвокат дар парванда нишон дода намешавад.
8. Пас аз анҷом ёфтани истеҳсолот аз рӯи парванда, адвокат қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти судро дар бораи ӯро ба сифати ҳимоятгар таъин намудан ва дар бораи пардохти ҳаққи хизматаш бо дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ якҷоя бо ҳисобот ба маркази ёрии ҳуқуқӣ барои пардохт пешниҳод менамояд.
МАЪЛУМОТИ
мухтассар вобаста ба ташкил кардани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе
ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ба иттилои Шумо мерасонем, ки соли 2015 қарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Консепсияи расонидани ёрии њуќуќии ройгон дар Љумњурии Тољикистон» ва соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ќабул гардид.
Вобаста ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа бо тартиби нав дар вилоятҳои Суғду Хатлон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ба роҳ монда шуд.
Вазорати адлия тавассути Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии номбурда тасмим гирифт, ки ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷаро дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ба роҳ монад. Оид ба ин иқдоми нек бо мақсади ҳамкориҳои минбаъда санаи 12 сентябри соли 2022 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Бинобар ин, мақомотҳои болоии пешбурди таъқиби ҷиноятӣ таҳқиқот, тафтишоти пешакӣ, прокуратура ва суд метавонанд дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ёрии ҳуқуқии ройгон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» истифода намоянд.
Тибқи талаботи моддаи 21 Қонун ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар асоси Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони зерин ҳуқуқ доранд:
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудае, ки ба ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад, вале имконияти пардохти чунин хизматрасониро надорад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудаи ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и ў имконияти пардохти чунин хизматрасониро надоранд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшуда бинобар камбудиҳои ҷисмонӣ ё рўҳӣ ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда наметавонанд;
- айбдоршавандае, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ мекунад;
- агар шахс дар содир намудани ҷинояте айбдор карда шавад, ки барои он ҷазои қатл ё ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан пешбинӣ шуда бошад;
- судшавандае, ки таҳти ҳабс қарордошта аз ҳозир шудан ба маҷлиси судӣ саркашӣ менамояд;
- ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ва ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд.
Мақомотҳои дар боло овардашуда (таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя) барои таъин намудани адвокат метавонанд дар сурати воқеан дастгир шудани шахс, татбиқи чораи пешгирӣ дар шакли ба ҳабс гирифтан, оғози парвандаи ҷиноятӣ, баррасии парвандаҳо дар суди марҳилаи якум, пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ, инчунин бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ба маркази ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати сафарбар кардани адвокат тавассути телефони 44-600-18-18 дархост намоянд.
Зимни дархост таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя ба маркази ҳамоҳангсозӣ оид ба шахсияти худ (мақом ва мансаби ишғолнамуда) ва шахсияти дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда, макони пешбурди парванда маълумоти мушаххас пешниҳод менамояд.
Маркази ҳамоҳангсозӣ пас аз қабули дархост иттилои аввалияро ба низоми худкори иттилоотӣ фавран ворид менамояд ва бо адвокате, ки ўро низоми худкори иттилоотӣ муайян кардааст, дар тамос шуда, ўро барои расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа сафарбар менамояд. Дар сурати ҷой доштани нуқсонҳои техникӣ дар низоми худкори иттилоотӣ, маркази ҳамоҳангсозӣ маълумотро ба дафтари махсус ворид намуда, барои сафарбар кардани адвокат аз рўи навбат чораҳои зарурӣ меандешад.
Адвокат пас аз қабули дархост аз маркази ҳамоҳангсозӣ, ордерро ба таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва судя пешкаш менамояд. Пас аз вохўрӣ бо дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда, адвокат якҷоя бо дархосткунанда муайян мекунад, ки оё ин шахс барои гирифтани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ҳуқуқ дорад ё не.
Ҳангоми муайян кардани ҳуқуқи шахс ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа, адвокат ба иҷрои вазифаҳои худ оғоз мекунад ва маълумоти иловагиро ба низоми худкори иттилоотӣ ворид менамояд. Агар шахс чунин ҳуқуқро надошта бошад, адвокат метавонад ўро ба таври умумӣ дар асоси созишнома ҳимоя намояд.
Дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда метавонад дар лаҳзаи дилхоҳи пешбурди тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ, бо далели қонеъ набуданаш аз хизматрасониҳои адвокат даст кашад. Дар чунин ҳолат таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя метавонанд ба маркази ҳамоҳангсозӣ бо дархост оид ба иваз кардани адвокат муроҷиат намоянд. Ҳама гуна дасткашӣ ва ивази ҳимоятгар мутобиқи муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Дар қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд дар бораи пардохти ҳаққи хизмати адвокат маълумот дар бораи моҳияти парванда, сана ва вақти дархост ба маркази ҳамоҳангсозӣ, таъмин бо адвокат, рўзҳои иштироки адвокат дар парванда бо нишон додани ҳаракатҳои мурофиавие, ки дар онҳо иштирок кардааст, муфассал баён мегарданд. Агар адвокат дар парванда дар рўзҳои истироҳат (шанбе, якшанбе) ва рўзҳои иди ғайрикорӣ ё ин ки дар вақти шабона иштирок намуда бошад, ин бояд дар қарор ё таъинот мушаххас нишон дода шавад.
Дар қарор ё таъинот оид ба пардохти ҳаққи хизмати адвокат андозаи ҳаққи хизмат барои иштироки адвокат дар парванда нишон дода намешавад.
Пас аз анҷом ёфтани истеҳсолот аз рўи парванда, адвокат қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти судро дар бораи ўро ба сифати ҳимоятгар таъин намудан ва дар бораи пардохти ҳаққи хизматаш бо дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ якҷоя бо ҳисобот ба Маркази ёрии ҳуқуқӣ барои пардохт пешниҳод менамояд.
Бахши расонидани ёрии ҳуқуқии
дуюмдараҷаи Маркази ёрии ҳуқуқӣ