Аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» дар 34 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ 37 бюро таъсис дода шудааст, ки дар онҳо 39 ҳуқуқшинос фаъолият доранд. Дар шаш моҳи соли 2020 ҳуқуқшиносони бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ, ки моделҳои №1.1, №1.2 ва №2 «Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон»-ро таҷриба мекунанд, ба 3916 шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа расониданд, ки аз ин миқдор 2264 зан, 1651 мард ва 146 маъюб мебошанд.
Ин матлаб зимни нишасти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуривии АМИТ «Ховар» баргузор шуд, баён гардид.
Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ҳуқуқшиносони бюрои давлатии ҳуқуқӣ 52 ҷаласаи сайёр дар мавзӯи муносибатҳои оилавӣ, ҳуқуқ ба мерос, пешгирии зўроварӣ дар оила гузаронида шуданд, ки дар онҳо 1231 шаҳрванд иштирок карданд.
Ҳамзамон машваратчиёни ҳуқуқии муассиса ба 538 шаҳрванд иттилооти ҳуқуқӣ расониданд ё ба идораю мақомоти дахлдор равона сохтанд.
Дар ин давра ба маркази ҳамоҳангсозии муассиса (колл-сентр) 898 занги телефонӣ оид ба дархости адвокат барои иштирок кардан дар парвандаҳои ҷиноятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 892 мард, 46 зан ва 121 ноболиғро ташкил медиҳад.