Якбора дар якчанд минтақаҳои Тоҷикистон ҳар як хоҳишманд аз ҳуқуқшиносони маҳаллӣ кумаки ройгон гирифта метавонад. Ин чӣ гуна амалӣ мешавад?
Се сол пеш дар Тоҷикистон Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон қабул шуд, ки дар яке аз бандҳояш таъсиси бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар пешбинӣ шудааст. Онҳо таъсис ёфта, фаъолият доранд.
Мо ба ноҳияи Восеъ рафтем, то аз чӣ гуна кор кардани ҳуқуқшиноси ройгон Қурбон Ситамов воқиф шавем.
Дар ҳуҷраи кории назарногири Қурбон Ситамов, ки дар як бино бо дафтари кории пулакӣ ҷойгир аст, навбатпойӣ нест. Дар ҳуҷраи кории ҳамсоя бошад, мардум хеле зиёданд: ҳуқуқшиносӣ дар ноҳияи Восеъ касби серталаб асту мутахассисони мустақил пули хуб кор мекунанд.
Қурбон Ситамов нороҳат намешавад: ҳарчанд аксари ҳамдиёронаш аз пул танқисӣ дошта бошанд ҳам, пулҳои охиринашонро барои хизматрасонии пулакӣ дареғ намедоранд, дар ҳоле ки дар паҳлӯ ҳуқуқшиноси комилан ройгон нишастааст! Қурбон дар ин фикр аст, ки одамон ҳоло одат накардаанд, ки давлат ба онҳо комилан бепул ва хушсифат ёрӣ мерасонад, аммо умедвор аст, ки бо кори худ вазъро тағйир хоҳад дод.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мизоҷон барои ӯ кофиянд.
- Дар як моҳ ба ҳисоби миёна 60 нафарро қабул мекунам. Ин рақам ду баробар бештар аз нишондиҳандаест, ки мо пешбинӣ карда будем. Ва ин ҳоло бе ҳисоби машваратҳо тариқи телефон: одамон ҳатто шабона занг зада, савол медиҳанд, - мегӯяд Ситамов.
Ба ҷуз ёрии ҳуқуқӣ, ӯ аксар вақт ба сифати равоншинос барои мизоҷони худ кор мекунад. Баъзан одамон як ҳамсуҳбате надоранд ва дарду алами худро ба Ситамов мегӯянд, назди ӯ даромада, дигар рафтанӣ намешаванд.
Мушкилоти асосии мизоҷони деҳот аксар вақт низоъҳои оилавӣ аст. Одамон ба ҳуқуқшинос бо мушкилоти фарзандхондӣ, муайян кардани падарӣ муроҷиат мекунанд, чунки кӯдак дар никоҳи ғайрирасмӣ таваллуд шудааст, ки дар деҳот зиёд мушоҳида мешавад. Занҳои ҷудошуда меоянд, ки аз шавҳаронашон барои кӯдакон алимент бигиранд; ҳамсарони собиқ аксар вақт ба воситаи суд амволашонро тақсим мекунанд.
- Боре як зани аз шавҳараш ҷудошуда омад, ки манзилашро аз оилаи собиқ шавҳараш гирифтанӣ буд. Хонаи онҳо дар як қитъа бо пайвандони ҳамсараш ҷойгир аст. Вақте шавҳараш аз олам даргузашт, бародарони ӯ ҳамсарашро бо кӯдакон аз хона пеш карданд. Зан ба суд шикоят бурда, ин ҷо маълум шуд, ки қаламрави хонаи зан ғайриқонунист, он дар ҳуҷҷатҳои қитъаи замин вуҷуд надорад. Тасмим гирифтанд, ки ин қитъаи заминро ба номи зан ба расмият дароранд. Ӯ ба судҳо муроҷиат кард, аммо боз як мушкили дигар пайдо шуд – ин қитъаи замин дар нақшаи генералии ноҳия барои сохтмони роҳ таъин шудааст. Яъне хона худсарона сохта шудааст. Мо ба мақомоти гуногун муроҷиат кардем, вале натиҷае ҳосил нашуд. Чанд рӯз пеш намояндаи маъмурияти ноҳия назди ман омада, созиш ҳосил кардем, ки қитъаи замин муваққатан ба зан дода шавад.
Ба сокини маҳаллӣ Робия Шайхинурова баъди 10 соли даводав ва мурофиаҳои судии бенатиҷа Қурбон дар баргардонидани қитъаи замини гирифташуда кумак кард.
- Ӯ маро дар лаҳзаҳои душвор дастгирӣ кард, вақте ман дар вартаи ноумедӣ қарор дошта, ба худкушӣ омода будам. Дар суҳбат бо ӯ тасалло ёфтам, ҳис кардам, ки яккаву танҳо нестам, - ҳикоят мекунад зан.
Чунин мизоҷони сипосгузор аз Қурбон Ситамов зиёданд, зеро ӯ эътироф мекунад, ки вақте одамон ба назди ӯ меоянд, як муддате худро ба ҷойи онҳо мегузорад.
Бюрои давлатии ҳуқуқӣ муддати 1,5 сол аст, ки дар Восеъ фаъолият дошта, дар ин муддат наздики ҳазор нафар ба он муроҷиат кардаанд. Ҳуқуқшинос Қурбон Ситамов қариб ба тамоми он корҳое, ки мутахассисони мустақил сарукор доранд, машғул аст. Танҳо комилан ройгон.