Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” рӯзҳои 25-27 августи соли 2020 барои кормандони Дастгоҳи марказӣ ва 31 нафар ҳуқуқшиносони давлатӣ бо мусоидати Филиали “Хелветас Свис Интеркооперейшн дар Тоҷикистон” тренинг баргузор кард.
Дар ҷараёни он сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовадинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн рӯзҳои 25-26 август дар мавзӯъҳои зерин:
- Муносибаҳои ҳуқуқии гражданӣ ва сарчашмаҳои танзими онҳо;
- Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ;
- Васоят ва парасторӣ;
- Муносибатҳои молумулкӣ. Ҳуқуқҳои ашёӣ дар ҳуқуқи гражданӣ. Ҳуқуқи моликият дар ҳуқуқи гражданӣ;
- Аҳдҳо дар ҳуқуқи гражданӣ ба иштирокчиён донишҳои назариявӣ ва амалӣ дар шакли кор бо гурӯҳҳо ва саволу ҷавоб пешниҳод кард.
Рӯзи 27-уми август судяи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси колегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Тоҳир Камар дар мавзӯъҳои зерин:
- Қонунҳое, ки муносибатҳои ҳуқуқии оиларо ба танзим медароранд;
- Муносибатҳои ҳуқуқии молу мулки зану шавҳар;
- Уҳдадориҳои алиментии зану шавҳар ва зану шавҳари собиқ;
- Фарзандхондӣ. Тартиби ба фарзандхондӣ қабул кардан ба иштирокчиён донишҳои назариявӣ ва амалӣ дар шакли кор бо гурӯҳҳо ва саволу ҷавоб пешниҳод кард.
Дар анҷоми тренинг Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн ва Қодирзода Тоҳир Камар ба иштирокчиён сертификат супориданд.