Семинар дар мавзӯи "Пешгирии зӯроварӣ дар оила" барои ҳуқуқшиносони бюроҳои давлатии ҳуқуқии шаҳру ноҳияҳо ва пара-ҳуқуқшиносон баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар директори Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Нусратов, ҳамчунин коршинос Хайруллоев Ф.С. оид ба муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва равоншинос Каримов Қ. оид ба ҷанбаҳои психологии рафтори хушунатомез нисбат ба ҷабрдидаи зӯроварии оилавӣ суханронӣ карданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби филиали GOPA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.