Рӯзҳои 8-9 ноябри соли 2018 тренинг дар мавзӯи “Хусусиятҳои ҳимояи ноболиғ дар истеҳсолоти судии ҷиноятӣ” баргузор гардид.
Дар он кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ёри ҳуқуқӣ” ва 6 нафар ҳуқуқшиносони бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ иштирок карданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Terre des homes” ва фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” дар бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.