Моддаи 18. Чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила
1. Чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои таъсиррасонии мақсаднок ба шуур ва рафтори шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда ҷиҳати пешгирии содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ӯ ва таъмини амнияти ҷабрдида татбиқ карда мешаванд.
2. Чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила аз инҳо иборат мебошанд:
- сӯҳбати хусусияти тарбиявидошта;
- ба мақомоти корҳои дохилӣ овардани шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда;
- амрномаи муҳофизатӣ;
- дастгиркунии маъмурӣ;
-татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тиббӣ;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарию модарӣ, бекор кардани фарзандхондӣ, васоят ё парасторӣ;
- ҷойгир кардани ҷабрдида дар марказҳои ёрирасон, марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон.
3. Чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила бо назардошти хислатҳои фардии шахсе, ки нисбат ба ӯ ин чораҳо татбиқ карда мешаванд ва хавфнокии кирдори содирнамудаи ӯ интихоб карда мешаванд.
4. Шахсони манфиатдор метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои қарор дар бораи татбиқи чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила шикоят кунанд.