Моддаи 17. Марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон
1. Марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон вобаста ба эҳтиёҷоти мушаххас бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти соҳаи тандурустӣ дар беморхонаҳои марказии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ё дармонгоҳҳои марказии шаҳрӣ, ноҳиявӣ таъсис дода шуда, шахси ҳуқуқӣ намебошанд. Реҷаи кории марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон бояд ба реҷаи кории беморхона ва дармонгоҳ мувофиқ бошад.
2. Хароҷоти офиятбахшии тиббию иҷтимоии ҷабрдида аз ҷониби шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда тибқи нархномаи барои муассисаҳои тандурустӣ муқарраргардида ҷуброн карда мешавад.
3. Ҷабрдида дар марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ дар асоси аризаи ӯ ё роҳхати мақомоти дахлдори давлатӣ ҷойгир карда мешавад. Барои дар марказҳои мазкур ҷойгир кардани ҷабрдидаи ноболиғ розигии падар, модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда, мақомоти васоят ва парасторӣ зарур мебошад.
4. Ҷабрдида дар марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ дар давоми мӯҳлате, ки барои муолиҷаи тиббӣ ва офиятбахшии равонию иҷтимоии ӯ зарур аст, нигоҳ дошта мешавад.
5. Марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:
- расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, иҷтимоӣ, равонӣ ва дигар намудҳои кӯмак;
- ҳангоми зарурат фиристодани ҷабрдида барои муолиҷаи дахлдор;
- ҳангоми зарурат бо розигии ҷабрдида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод намудани маълумот дар бораи зӯроварии содиршуда;
- бо дархости дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила пешниҳод намудани маълумот доир ба ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила.
