Ҳамасола 20 –уми апрел дар мамлакат Рӯзи иди касбии кормандони мақомоти адлия ҷашн гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ҳимояи қонуният ва адолат қарор дошта, барои устувор гардидани пояҳои ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, ташаккул ёфтани низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ, ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқ шудани он саъю кӯшиши зиёд ба харҷ додаст.
Дар давраи фаъолият мақомоти адлияи ҶТ барои барқарор намудани адолат, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ корҳои муайянеро ба сомон расонида, мавқеъ ва нақши худро дар низоми идоракунии давлатӣ мушаххас намудааст.
Таъсиси мақомоти адлияи навини тоҷикон дар замон ва даврае ба вуқӯъ пайваст, ки Тоҷикистон давраи душвори таърихиро паси сар карда, барои арзи ҳастӣ намудани худ мубориза бурда, дар сафи пеши барқарорсозандагони адолат қарор дошта, дар ин самт қадамҳои устувор мегузоштааст.
Имрӯз мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори тахассусӣ ва маънавӣ имконияти воқеӣ дорад, ки сиёсати ҳуқуқии давлатро бо мақсади бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд самаранок пеш барад ва ба ин восита ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар шаҳрванд ҳаматарафа ҳифз карда шавад.
Бо имконоти фурст ҳамаи кормандони адлияро ба Иди касбӣ, яъне Рӯзи кормандони мақомоти адлия таҳният гуфта, барояшон тансиҳативу пирӯзӣ ва барору муваффақият орзумандам. Иди касбиятон ҳумоюн бод!
Бо эҳтиром; Солеҳзода Насрулло диреткори Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи ҶТ