Моддаи 15. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
1. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот ҳамоҳанг сохта, дар таҳия ва татбиқи барномаҳои маҳаллӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила иштирок мекунанд, барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои он тадбирҳои заруриро меандешанд.
2. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳудуди дахлдор оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила корҳои фаҳмондадиҳӣ, таблиғотӣ ва ташвиқотиро амалӣ намуда, ҷиҳати пойдории оила тадбирҳо меандешанд.
3. Корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила ва бартарафсозии оқибатҳои он тадбирҳои заруриро меандешанд ва метавонанд ба ҷабрдидагон, ки кормандон ё аъзои онҳо мебошанд, барои барқарорсозии саломатиашон кӯмак расонанд.