Дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи парчам конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Парчам рамзи давлатдори миллӣ» бо иштироки роҳбарияти Донишкадаи мазкур, масъулини Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ёҳқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқшиносон Вазаорати адлияи кишвар баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби ҳозирин гуфта шуд, ки Парчами соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукнҳои давлатдорӣ ба шумор рафта, он баёнгари хусусият, рамзи истиқлоли воқеии Тоҷикистон буда, дар худ тамоми арзишҳои милливу таърихиро таҷассум намудааст. Воқеан ҳам дар замони соҳибихтиёрӣ мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти Парчами давлатӣ раванди ободкориву созандагиро оғоз намуда, то ба имрӯз дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд ва ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони истиқлолият содиқона меҳнат мекунем.