Маврид ба зикр аст, ки дар баробари дигар дастовардҳои даврони истиқлолият яке аз дастовадҳои муҳимтарини мо ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки санаи 6 ноябри соли 2024 сиюмин солгарди он таҷлил мегардад.
Тибқи муқарароти Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф карда шудааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Роҳбари Олии мамлакат боз ҳам дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи риояи талаботҳои қонун ва эҳтиром ба он, тарғиби арзишҳои демократӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва эҳтиром ба давлату миллат нақши муассир дорад.
Рузи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдисози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин руз бо роҳи райпусии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз, 5 маротиба, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул кардааст. Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зарурати қабули Конститусия, ки дорои ҳадафҳои ояндасоз мебошад, пеш омад. Ҷомеа ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуда, марҳилаи давлатдории ҳуқуқбунёди демократӣ ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандиро оғоз намуд ва дар мамлакат дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат пеш омад.
Бо назардошти ин ва бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳои нави ҷомеаву давлат 6 – уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи райурсии умумихалқӣ қабул гадид, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон санаи бисёр муқаддасу пурифтихор маҳсуб меёбад.
Се маротиба ворид шудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (солҳои 1999, 2003, ва 2016) шаҳодат аз он медиҳад, ки меъёрҳои он вобаста ба талаботи замон ва рушди давлатдории миллии тоҷикон такмил дода шуд.
Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад.
Конститутсияи амалкунандаи мо бунёди ҳуқуқиеро ба вуҷуд овард, ки он минбаъд ҳам метавонад ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамонро таъмин намояд.
Конститутсия асоси ифодакунандаи арзишҳои ҳуқуқӣ гардида, симои муосир ва таърихии Тоҷикистонро дар худ таҷҷасум намуд. Дар ин замина, он аввалин шуда кишвари моро ба қатори кишварҳои пешрафта ворид сохт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд, ки “Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад”.
Вақте, ки сухан дар бараи Конститутсия меравад, мо ҳатман ҳомӣ ва тарроҳи ин номаи бахту саодати миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомолӣ Раҳмонро пеши ру меоварем, зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ҷомаи амал пӯшидани орзуи арзишҳои фарҳангӣ буда, маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Президенти мамлакати мо ба амал бароварда шуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои бузурги мардуми тоҷик мебошад, ки он заминаи ҳуқуқии бунёди давлати озодпарвару соҳибихтиёр, ифодаи ормонҳо, ҳимояи ҳадафу манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фархангиро фароҳам овард.
Дар ин санади муҳими таърихӣ соҳибихтиёрӣ, Истиқлол, тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлноазирии ҳудуди мамлакат, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забон, рамзҳои давлатӣ, шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷии давлат комилан сабт ва муайяну муқарар шудааст.
Рамзҳои муаррифкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсия дарҷ шудааст, ки тибқи он Забони тоҷикӣ забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ Парҷам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии давлат, санади эътибори олии ҳуқуқидошта ва шиносномаву бахтномаи миллати сарбаланди тоҷик дониста мешавад.
Конститутсияи давлати мустақили озоду адолатпари Тоҷикистон пояҳои Истиқлоли давлатии халқи тоҷикро аз лиҳози ҳуқуқӣ тақвият бахшид ва чун шиносномаи миллату давлат Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамҷун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ расман муаррифӣ кард. Конститутсия қонуни олии мамлакат буда, дар он азму иродаи мардуми Тоҷикистон оид ба тағйирнопазир будани давлат муқарар шудааст, яъне, дар мазмуну муҳтавои ин санади тақдирсоз роҳи ояндаи давлатдории халқи тоҷик муайян гардидааст.
Тибқи моддаи 7- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи аввал меистад, ва эътибори олии ҳуқуқӣ дорад.
Ин талабот дар моддаи 10- и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки “Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсиянд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд”. Дар қисми аввали моддаи мазкури ин ҳуҷҷати муҳим афзалияти меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд”. Дар қисми аввали моддаи мазкури ин ҳуҷҷати муҳим афзалияти меъёрҳои Конститутсия нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, қарорҳои мақомоти қонунгузор, иҷроия ва ғайра) муқаррар шудаанд. Ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз Конститутсия сарчашма мегиранд ва набояд ба он зид бошанд. Дар мавриди зиддият доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия, онҳо эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, меъёрҳои Конститутсия эътибори олии ҳуқуқиро доро мебошанд.
Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Он поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии кишвар буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар боби аввалаш асосҳои сохтории он муқаррар шудааст.
Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналхалқиро дар бар мегирад.
Аз ҷумла, дар соҳаи сиёсии ҳуқуқӣ он фарогири принсипи ҳокимияти халқӣ (моддаи 6), принсипи волояти қонун ва озодии инсон (моддаи 5), принсипи тақсимоти хокимият (моддаи 9) мебошад. Дар соҳаи иқтисодӣ – иҷтимоӣ бошад, принсипҳои гуногунӣ ва баробарии шаклҳои моликият (моддаи 12), самти иҷтимоии сиёсати давлат (моддаи 1, қисми 2) инъикоси худро ёфтаанд. Тибқи муқаррароти Конститутсия дар соҳаи фарҳангию мафкуравӣ принсипҳои гуногунии мафкуравӣ (моддаи 8, қисми 1), ҷудо будани мафкура аз давлат (моддаи 8, қисми 2) татбиқ мегарданд. Шоистаи тазаккур аст, ки дар ин ҳуҷҷатти сарнавиштсоз дар соҳаи байналхалқӣ принсип ошкоро будани системаи ҳуқуқии Тоҷикистон нисбат ба принсип ва меъёрҳои байналхалқӣ (моддаҳои 10-11) муайян мешаванд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо баҳри ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягон арзиши хосаеро доро мебошанд.
Дар қатори онҳо ин дастовардҳоро низ дар кишвари азизамон ном бурдан мумкин мебошад:
- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳдати миллиро эҳё намуда, ба волояти ҳокимияти давлатӣ замина гузошт.
- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти конститутсиониро эҳё намуд.
Нақши конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эмори давлатдории навин беҳамто буда, он ҳамҷун санади олии сиёсию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз таҳассумгари ғояҳо ва арзишҳои милли мо мебошад. Конститутсия барои эҳёи таърихиву маданияти миллати тоҷик нақши муҳим гузошт. Руҳияи идонаю ифтихои миллӣ ва пос доштани асолати гузаштагон, арҷгузорӣ ба фарханги неки аҷдодон, сарҷамъии мардум дар фазои осоиштаи Ватан аз санади сарнавиштсоз будани Конститутсия шаҳодат медиҳад. Он барои фаъолияти бузурги созандагию бунёдкорӣ шароит муҳайё кард.
Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқарраоти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.
Конститутсия ҳамҷун ифодакунандаи ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку, пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем.
Ба боварии комил изҳор менамоем, ки Конститутсия солиёни зиёд барои давлату миллати азизамон хизмат намуда, ҳамҷун амзи озодиву соҳибихтиёрӣ, ваҳдату ягонагӣ, ободию созандагӣ, худогоҳиву ватандустӣ пойдору ҷовидон хоҳад монд.
Мудири бахши банақшагирӣ, мониторинг ва баҳодиҳии сифати ёрии ҳуқуқии Маркази ёрии ҳуқуқӣ Назарзода Д.