Конститутсия ин қонуни асосии давлат мебошад, ки он асосҳои сохтори давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро муайян мекунад ва қувваи олии ҳуқуқӣ дорад.
Конститутсия ин ҳуҷҷати таърихӣ буда дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ зиёда аз дусад сол аст, ки амал мекунад. Дар таърихи башарият маҳз Конститутсия сарчашмаи дигаргунии куллӣ ва пешравии ҷамъият ба ҳисоб мераванд.
Конститутсия дар шакли имрӯза аввалин бор дар ИМА соли 1787, баъдан соли 1791 дар Полша ва Франсия қабул гардид, ки дар асри XIX дар аксарияти давлатҳои Аврупо ҷараёни гузариш ба низоми Конститутсияҳо асосан баанҷом расид, айни замон аксарияти давлатҳои дунё Конститутсияҳои худро қабул намудаанд ба ғайр аз давлатҳои Англия, Шветсия, Зеландияи Нав, Исроил ва ғайра Конститутсия надоран.
Конститутсияи Тоҷикистон бошад ба ташаккули давлати миллии тоҷикон алоқаманд буда, панҷ марҳиларо аз сар гузаронидааст, ки мо аз таърих огаҳи дорем. Аз ин рӯ, вобаста ба марҳилаи панҷуми он, ки ба давлати соҳибистиқлоли мо бевосита нақши муассир гузоштааст муфассалтар маълумот медиҳем.
Баъд аз дигаргун гаштани вазъи сиёсӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва меъёрҳои Конститутсияи он зарурати тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи нав ба миён омад. Мақсад аз тайёр намудани лоиҳаи нави Конститутсияи Тоҷикистон ба соҳибихтиёрии расмию давлатии Тоҷикистон додани мазмуни ҳуқуқӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ин ҷараён фақад ба Тоҷикистон хос набуд, балки ҳамаи ҷумҳуриҳои аъзои Иттиҳоди Шӯравӣ низ чунин мақсадро дар назди худ гузошта буданд. Мувофиқи қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон аз 23-юми августи соли 1990-ум комиссияи конститутсионӣ оиди тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон бо сардории раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон котиби 1-уми Кумитаи Иҷроияи Партияи Коммунистии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов дар ҳайати 53 нафар ташкил ёфт.
Қадами аввал барои амалӣ гардонидани мақсадҳои дар боло зикргардида, қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 24-уми августи соли 1990 гардид. Аммо ҷараёни тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон бинобар барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ мавқуф гузошта шуд.
Давраи дуюми тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон баъди барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва дохил шудани Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун давлати соҳибихтиёр оғоз гардид.
Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Дар ҷомеа зарурати таърихии интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеъан олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ эҳсос мегардид. Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар бавуҷудомада, зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷиконро ба миён овард. Мувофиқи қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон аз 3-юми январи соли 1992 ба ҳайати комиссияи конститутсионӣ тағйирот дароварда шуд. Раиси Комиссия Президенти онвақта Раҳмон Набиев тасдиқ гардид. Мувофиқи амри Президент аз 10-уми феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ дар ҳайати 9-нафар ташкил ёфт. Ин гурӯҳ дар мӯҳлати муқарраршуда лоиҳаи Конститутсияро тайёр карда ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард ва он бо қарори худ аз 22-юми апрели ҳамон сол лоиҳаро ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия намуд. Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми апрели соли 1992 дар матбуот барои муҳокима интишор гардид. Муҳлати ҷамъбасти муҳокима то 1-уми июли соли 1992 муқаррар шуд. Лоиҳаи мазкур аз муқаддимаи мухтасар 7 фасл, 12 боб, 136 модда иборат буд. Чуноне, ки ба ҳамаи мову Шумо маълум аст аз сабаби он ки дар дохили мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ мавҷуд буд ва барои дигаргун кардани сохти давлатӣ ва ғасби ҳокимият дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо низоъҳо хеле муташаккил ҷараён дошт. Халқ аз таҳлукаи ҷанг лоиҳаи Конститутсияро ҳеҷ муҳокима намекарданд ва дар он замон шароити чунин муҳокимаҳам мавҷуд набуд.
Саршавии давраи сеюми кори тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонов моҳи ноябри соли 1992-юм оғоз гардид.
Иҷлосияи мазкур дар барқарор гаштани сохти конститутсионии кишвар нақши бузург бозид, зеро танҳо дар шароити вазъи солими ҷомеа, фаъолияти мӯътадили сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ қабули Конститутсия имконпазир буд. Ҳанӯз дар ҳамон давра раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов ба халқи шарифи Тоҷикистон 12-уми декабри соли 1992 чунин муроҷиат намуда буданд, ки «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав-давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст». Баъдан Иҷлосияи 17-уми Шӯрои Олӣ аз 26-уми июли соли 1993 дар бораи тағйир додани ҳайати камиссияи конститутсионӣ қарор қабул намуд, ки аз 4-уми сентябри ҳамон сол 1-умин маҷлиси ин камиссия барпо гардид ва дар он зарурияти аз нав сар кардани кор оид ба лоиҳаи Конститутсия қайд гардид. Дар бораи рафти тайёр кардани лоиҳаи Конститутсия дар иҷлосияи 18-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот шунида шуд. Дар иҷлосия раиси камиссияи конститутсиони гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи конститутсияи нав ташкил намуд.
Дар давоми шаш моҳ гурӯҳи корӣ ду лоиҳаи Конститутсияро омода кард. Як лоиҳа ба шакли идораи парламентӣ ва лоиҳаи дигар ба шакли идораи президентӣ бахшида шуда буд. Комиссияи конститутсионӣ дар натиҷаи муҳокима лоиҳаи Конститутсияро, ки шакли идораи президентиро ҳимоя менамуд, маъқул дониста, онро барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуот нашр кард. Илова бар ин аксари шахсоне, ки дар муҳокимаи лоиҳа иштирок доштанд, ҷумҳурии президентиро ҳамчун шакли идоракунии давлати Тоҷикистон тарафдорӣ карданд. Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи карори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми апрели соли 1994 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид. Дар муддати зиёда аз ду моҳ муҳокимаи лоиҳа аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ бештар аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ба Шӯрои Олӣ ворид гардид, ки аз 21-22-юми июл Конститутсия дар иҷлосияи 19-уми Шӯрои Олӣ муҳокима гардида, ба раъйпурсӣ тавсия карда шуд. Лоиҳаи ба раъйпурсӣ пешниҳодгардидаи Конститутсия аз дебоча , 10 бобу 100 модда иборат буд.
Аз 7-уми сентябри соли 1994 Иҷлосияи 20-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати анҷоми раъйпурсиро аз 25-уми сентябр то 6-уми ноябр дароз кард.
6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, қувваи қонунӣ гирифт. Натиҷаи расмии раъйпурсӣ чунин буд: дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ 2685724 шаҳрванд ба рӯйхат гирифта шуда, дар раъйпурсӣ 2535437 нафар ё ки 94,4% ширкат варзиданд. Бо тарафдории Конститутсия 2352554 нафар ё ки 87,59% овоз доданд.
Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд. Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд. Дар паёми табрикотии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи қабули Конститутсия ба мардуми шарифи Тоҷикистон чунин ибрози ақида намуда буданд: «Қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошта, дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд».
Дар Конститутсия халқи Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон чун вазифаи муҳими давлат сабт шуд ва кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар гардид. Манфиатҳои миллии давлат дар меъёрҳои Конститутсия таҷассум ёфта, афзалияти онҳо бо дарназардошти эътирофи расмии санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ пурра ба инобат гирифта шуданд. Имрӯз ба таърихи начандон тӯлонии давлатдории навинамон назар андохта, нақши муҳими Конститутсияро, пеш аз ҳама, дар таъсиси заминаи ҳуқуқии ташкили низоми нави мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон метавон таъкид кард.
Аз ин рӯ, Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсӣ барои амалӣ гардидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ замина гузошта, баробарии ҳамаро дар назди қонун, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ ва фаъолияти озоди соҳибкориро дар кишвар кафолат медиҳад. Дар заминаи Конститутсия бо дарназардошти талаботи замони муосир дар кишвар ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, ки ин раванд барои рушди бонизому пурсамари самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Бо тақозои тағйиротҳои дар ҷамъият рухдода се маротиба, яъне 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ормону ниятҳои ниёгон ва дастури кору зиндагии наслҳои имрузу фардои миллати мутамаддини тоҷик аст.
Умуман вақте ки кас ба мазмун ва моҳияти меъёрҳои Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон шинос мешавад, хоҳ нохоҳ сарчашмаи пайдоиши ин меъёрҳои тақдирсози миллатро дарк кардани мешавад. Аз ин рӯ, набояд фаромуш кард, ки чунин меъёрҳои дар ҳаёти мардум суфта гашта, пеш аз ҳама аз қаъри асрҳо, аз дуриҳои дур аз қалб ва хуни миллати мо сарчашма гирифтаанд. Ба ҷумлаи чунин заминаҳои урфӣ-ҳуқуқӣ метавон фармудаҳои нахуст сиёсатмадори миллати форс ё бешак нахуст сиёсатмадори башарият Куруши Кабирро аз Эъломияи Куруш бо номи «Устувонаи Куруш», ки зиёда аз дуюним ҳазор сол пеш қабул кардааст, номбар кард. Дар эъломияи худ Куруши Кабир аз ҷумла, таъкид кардааст: «Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст ҳар дину ойинро, ки майл дорад баргузинад ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад сукунат намояд ва ба ҳар гуна, ки муътақид аст ибодат кунад ва муътакидоти худро ба ҷо оварад ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте, ки ҳаққи касеро поймол нанамояд ва зиёне ба ҳуқуқи дигарон ворид насозад». Зикр кардан бамаврид аст, ки мардуми соҳибтамаддуни тоҷик бо таърихи чандҳазорсолаи худ воқеан сазовори чунин Конститутсияе, ки ифодакунандаи ҳама гуна нияту амалҳои поки миллат ва давлатӣ воқеъан сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад гардидаанд. Ин хуҷҷат, аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст ва бинобар ин дар таърихи навини кишварамон рӯйдоди воқеан бузург ва такдирсоз мебошад.
Ин санади муқаддас истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафти ҷомеаро муайян сохт.
Чи хеле ки ба ҳамаи мо маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидааст. Аз ҷониби дигар, моҳият ва мӯҳтавои ин санад, ки ба воситаи райъпурсӣ қабул гардидааст, барои ҳамдигарфаҳмӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвар замина гузошт.
Мутобиқи моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ин меъёр бори дигар собит менамояд, ки манбаи ҳокимияти давлатиро халқи Тоҷикистон ташкил медиҳад ва Конститутсия аз они халқ буда, барои мардум хизмат мекунад. Ҳаминро зикр намудан ба маврид аст, ки сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ шинохта шудани халқ, яке аз нишонаҳои нави идоракунӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон буда, аз дигар усулҳое, ки дар гузашта истифода мегардиданд, ба куллӣ фарқият дорад. Тибқи ин усул тамоми шаҳрвандон бемамониат шахсан ва ё ба воситаи интихоби вакили хеш, дар идоракунии давлатӣ ширкат варзида, фикру ақидаҳои худро озодона баён карда метавонанд. Ҳамчунин мавҷудияти асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти озоди иқтисодӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, гуногунандешӣ, озодии сухан ва интихобот мазмуну мӯҳтавои Конститутсияро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда низоми демократиро дар ҷумҳурӣ инъикос мекунад. Инчунин яке аз хусусиятҳои дигари Конститутсия дар он ифода мегардад, ки мутобиқи моддаи 5-уми он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошад, ва ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд, ва давлат ӯхдадор гаштааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Ҳар як меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯи меъёру принсипҳои умуми эътирофшудаи байналмиллалӣ мебошанд. Конститутсияе, ки 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид дар ҳақиқат гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофати он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд.
Аз ин рӯ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилот ҷой додааст. Дар асоси меъёрҳои Конститутсияи замони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад.
Аз ин сабаб, тақвият бахшидан ба таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг яке аз ҳадафҳои асосии давлату ҳукумат мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли мавҷудияти худ барои устувории ҳокимияти давлатӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд замина гузошт ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ ва тавъам донистани он ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу рамзӣ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, тарбияи шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.
Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон