Санаи 9-уми сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати “Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷат таърихи қонунан Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли башар эълон кард.
Дар моддаи аввали ин эъломия чунин омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон-давлати мустақили демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад”.
Вақте, ки давлати абарқудрати Шӯравӣ аз байн рафт, дар ҷумҳурӣ вазъияти сиёсӣ муташанниҷ гашт. 9-уми сентябри соли 1991 аввалин маротиба рӯзи истиқлолият қайд карда шуд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳост, -ки марзу буми худро дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.
9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии дунё давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ карда ва аз оғози марҳилаи наву тозае дар ҳаёти халқи мо башорат дод. Ҳарчанд халқи тоҷик аз қадимтарин халқҳои дунёст, ҳарчанд аз ҷумлаи миллатҳоест, ки таърихи тамаддуни башариро бунёд гузоштаанд ҳарчанд фарзандони бадонишу бафарҳангаш мисли нигини тобоне тоҷи давлату давлатдориҳои аҷнабиро шукӯҳ мебахшиданд, вале худ баъд аз фурӯпошии сулолаи бузурги Сомониён дар тӯли ҳазор соли охир аз давлату давлатдорӣ маҳрум буд.
Аз ин рӯ, санаи 9-уми сентябри соли 1991 барои мо натанҳо ҳамчун рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон, балки ҳамчун санаи барқарории адолати таърихӣ азизу арҷманд аст.
Дар таърихи ҳама миллат санаҳое ҳастанд, ки арзишу аҳамияти фавқулоддаву муҳим доранд. Барои мо, тоҷикон, чунин санаи бузурги дорои аҳамаияти таърихӣ – 9 сентябр, ҷашни истиқлол мебошад. Ҷашн ин пеш аз ҳама шодию сурур ва шукӯҳу тантана аст, шукӯҳу тантанае, ки дар замираш маънову рамзе дорад. Маънои ҷашни Истиқлол чун таърих амиқ аст, зеро ҷашни Истиқлол барои тоҷикон рӯзест, ки муҳтавои садсолаҳоро дар худ ғунҷоиш додааст. Рӯзи Истиқлол ин ҷамъбасти талошу муборизаҳо ва худфарсоиву ҷоннисориҳои абармандони миллат аст, ки барои озодию худмухтории халқи тоҷик ва давлати миллӣ аз худ нишон додаанд ва дар саҳнаи ин муборизаҳои беамон ҷон супоридаанд. Аз ин рӯ, ҷашни Истиқлол ҷашни омӯзиши таърих ва шиносоӣ бо гузаштаи ниёгони бузург аст. Вагарна чӣ тавр метавонем арзишу асолати Истиқлолро дарк намоем!
Халқи азизамон хуб дар хотир дорад, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки бар асари он тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба буҳрони амиқ рӯ ба рӯ гардид. Чунин вазъи фалокатбор аз ҳар фарди ватандӯсту солимфикр тақозо кард, ки такя ба суннатҳои деринаи давлатдорӣ ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик ҳар чи зудтар оташи ҷангро хомӯш карда, тамоми имкониятҳоро барои сарҷамъ оромӣ ва барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷгардидаи давлатӣ сафарбар созад.
Хизмат ба Ватан ин ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа барои зиндагии осудаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардиву шуҷоат аст.
Чунин мафҳумро аксари ҷавонони далеру ҷасур ва ватанпарасту хештаншинос дарк намуда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар софдилона барои ҳимояи марзу буми Ватан хизмат мекунанд.
Маълум аст, ки шароити будубоши сарбозон дар қисми низомии Ҷумҳурӣ хуб буда, онҳо содиқонаву софдилона Ватани азизи хешро ҳифз менамоянд. Баъди адои хизмат хоҳишмандон ва сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро хуб адо намудаанд, метавонанд дар қисми низомӣ бо ҷойи кор таъмин бошанд.
Онҳо бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлолияти миллӣ ва сулҳу суботи кишвар якдилонаву сарҷамъона адои хизмат менамоянд. Ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонони имрӯза аз он ҳувайдо мегардад, ки софдилонаву хушбахтона ва ҷавонмардона аз хизмати Ватан – Модар огоҳ гашта қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо меоранд.
Бояд мо хушбахт аз он бошем, ки имрӯз ҷавонон дар шароити тинҷу осуда баҳри адои қарзи шаҳрвандии хеш хизмат мекунанд.
Ногуфта намонад, ки имрӯз шароит дар қисмҳои низомӣ хуб аст, ягон камбудӣ дар ин самт дида намешавад. Ба шахсоне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанду ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баҳои нодуруст медиҳанд, гуфтанӣ ҳастам, ки хизмат ба Ватан шараф аст.
Мо ҷавонон бояд мисли дигар ҷавонмардони Ватан бо либоси ҳарбӣ дар саф истода хизмати Модар – Ватанро адо намоем. Хизмат ҳамаи моро ба ҳам меоварад. Баҳри хизмат аз ҳар гӯшаву канори кишварамон сарҷамъ шуда кишварамонро муҳофизат намоем.
Мехоҳам, ки ҷавонони кишвар мардона ва далерона ба хизмат омада, қарзи шаҳрвандии худро содиқона ба ҷо оранд. Воқеан ҳам, имрӯз шароити қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо барои тайёр намудани сарбозони далеру шуҷоъ хуб аст. Танҳо ҷавонон бояд бо рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба қисмҳои низомӣ омада, марзу буми Ватани худро ҳифз намоянд. Зеро хизмат мактаби далериву шуҷоатмандӣ мебошад.
- Назира АСЛАМЗОДА, сармутахассиси бахши ташкили ёрии ҳуқуқии якумдараҷаи МД “маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон