Дар идомаи семинар-машваратҳои ҳуқуқӣ дар доираи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” санаи 23-юми соли 2024 кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори марказии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо кормандони касбукори гуногун суҳбату вохӯриҳо доир намуданд. Зимини вохӯрӣ гуфта шуд, ки гузаронидани чунин семинару суҳбатҳо ба баланд шудани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамояд, зеро одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бар зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ нестанд, балки дар халли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Ҳамзамон дар идомаи вохӯрӣ миёни масъулини Маркази ёрии ҳуқуӣ ва иштирокдорон суолу ҷавоб доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ сурат гирифт, ки ҳозирин ба суолҳои худ посухҳои конеъкунанда гирфтанд....