Бо ташабуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани нақша чорабиниҳо бахшида ба соли 2024 ҳамчон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ба сокинони деҳаи Даштигулои 1 ва 2-и ҷамоати Даштигулои ноҳияи М.С.А, Ҳамадонӣ бо иштироки масъулони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ "Ёрии хуқуқии ройгон" ташкилу баргузор гардид.
Дар ҷараёни баргузории суҳбату вохӯриҳо ба як қатор кӯдакон шаҳодатномаҳои таваллуд ва навхонадорон дафтарчаи акди никоҳ аз ҷониби масъулини соҳа тақдим карда шуд.
Ҳуқуқшиносони давлатӣ, кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариусони давлатӣ ба сокинони ҷамоати ноҳияи мазкур доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ба монандаи гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, гирифтани нафақа ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ машварати муфид доданд.
- Мақсади аз баргузории чунин суҳбату вохӯриҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ буда, дар назар аст бо иштиоки олимону ҳуқуқшиносон дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавшварити ёрии хуқуқии ройгон баргузор карда шавад.