Бо ибтикороти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани нақша чорабиниҳо бахшида ба соли 2024 ҳамчон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» санаи 3-уми июли соли ҷорӣ тавассути микроавтобусҳо ёрии хуқуқии ройгон бо иштирони масъулони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Аличур, Қизилработ ва Ғ. Бердибаеви ноҳияи Мурғоб, ҷамоати деҳоти Вахон ва ПТУПи ноҳияи Ишкошим, ҷамоати деҳоти Сучон ва Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон ва дигар шаҳраку деҳоти навоҳии мазкур ташкил карда шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани суҳбату вохӯриҳо ба як қатор кӯдакон шаҳодатномаҳои таваллуд ва навхонадорон дафтарчаи акди никоҳ аз ҷониби масъулини соҳа тақдим карда шуд.
Ҳуқуқшиносони давлатӣ, кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариусони давлатӣ ба сокинони ҷамоати ноҳияҳои болозикр доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ба монандаи гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, гирифтани нафақа ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ машварат доданд.
- Чунин суҳбату вохӯриҳо бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дониста шуда, тибқи нақша бо иштиоки олимону ҳуқуқшиносон дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор карда мешавад.