Коррупсия ҳамчун дигар хатарҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яке аз масъалаҳои хатарнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, даст задан ба ин амали номатлуб ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва мафкураи шаҳрвандон таъсири манфӣ мерасонад.
Коррупсия ба монанди зангорест, ки пояи ҳокимиятро оҳиста- оҳиста хурда хароб мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 чунин изҳор доштанд: “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад».
Албатта, фасод ё худ коррупсия ҳамчун вабои аср шинохта шуда, зуҳури он дар ҳар шакле боиси заиф шудани механизмҳои давлатдорӣ ва низоми зиндагии инсонӣ мегардад.
Дар кишварҳое, ки сатҳи баланди коррупсия дида мешавд, бояд сиёсати махсуси давлатии мубориза рушд дода шавад.
Роҳҳои гуногуни мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ коркард ва қабул гардидааст. Масалан, аксарияти кишварҳо нақшаи амалиёти истанбулӣ оид ба мубориза ба коррупсияро ба эътибор гирифта, стратегияҳои миллии мубориза бо коррупсияро дар кишварҳои худ коркард ва қабул кардаанд.
Сарфи назар аз он ки қонунгузорӣ барои чунин амалҳо ҷазои вазнин пешбинӣ кардааст, новобаста ба ин ришваситонӣ дар амалия ба чашм мерасад. Дар ин робита, метавон хулоса кард, ки роҳи ҳалли масъалаи мазкур танҳо тавассути қонунгузорӣ имконнопазир аст ва андешидани дигар чораҳои дастаҷамъонаро талаб мекунад.
Муқовимат ба коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои асосӣ буда, пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Ин дар ҳолест, ки кишвари мо аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди соҳибистиқлолӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Аз ин рӯ, бо ибтикори Пешвои мил-лат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳоти ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ рӯи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 8 сентябри соли 1997 зимни суханронӣ ба муносибати рӯзи Истиқлоли давлатӣ оид ба мубориза бо коррупсия чунин баён намуда буданд: "Барои мо муҳим аст, ки барои хотима ёфтан ба порахӯрӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, амвол ва саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обрӯй ва заҳматҳои қаблӣ сустқавлӣ нанамоем".
Бо сиёсати зиддикоррупсионии роҳбарияти олии кишвар як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он қабул гардидаанд.
Кирдорҳои коррупсионӣ аз тарафи шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатии ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз рӯйи ғараз бо мақсади ғайриқонунӣ ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани маблағҳои пулӣ, неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ содир мешавад. Мутаассифона, ҳастанд шаҳрвандоне, ки шахсони мансабдорро ба содир кардани кирдорҳои коррупсионӣ ҳавасманд ва моил мекунанд. Бояд донист, ки додани пора низ ҷиноят буда, барои чунин шахсон ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.
Мо шоҳидем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриву мулоқотҳо ва чорабиниҳои сиёсӣ аз ин зуҳурот, изҳори нигаронӣ намуда, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас мегузоранд.
Коршиносон дар ин самт дар он ақидаанд, ки коррупсия таъсири худро ба тамоми соҳаҳои зиндагии инсонҳо гузошта, рушди иқтисодро фалаҷ мегардонад, фаъолияти самарбахши сиёсати давлатиро халалдор сохта, маънавиёт ва бовар ба арзишҳоро дар ҷомеа аз байн мебарад.
Бояд тазаккур дод, ки муқовимати беамон бо коррупсия ва омилҳои ба он мусоидаткунанда оид ба ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ фазои мусоид баҳри пешрафти диёрамон фароҳам меорад. Дар натиҷа, дар мамлакат корхонаҳои калон ва хурди саноатӣ сохта мешаванд ва ҷавонон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин мегарданд. Воқеан, муқовимат ба коррупсия фаъолияти дастаҷамонаи ҳамаи мақомоти масъули давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва, дар маҷмуъ, ҳамаи қишрҳои ҷамъиятро тақозо дорад. Бояд гуфт, ки муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ, фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳурот вобаста аст. Бинобар ин, ба роҳ мондани ташвиқу тарғиби зиддикоррупсионӣ миёни ҷомеа имкон фароҳам меорад, ки дар тафаккури ҷомеа мафкураи зиддикоррупсионӣ пайдо шавад. Ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки дар коҳиш додани ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъона саҳми худро гузорад.
Бобозода Фаридун Сайфидин, мудири бахши ташкили ёрии ҳуқуқии якумдараҷаи Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон