Ҷиҳати амалишавии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли Маърифати ҳуқуқӣ» санаи 24-уми июни соли равон гурӯҳи кории доимоамалкунандаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумули Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"-и Вазорати адлия дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимати иҷроияи ноҳияи Темурмалик бо кормандони касбу кори гуногуни ноҳия суҳбату вохӯрӣ ташкилу баргузор намуданд.Дар ҷараёни баргузории чорабинӣ моҳияту аҳамияти эълон гардидани «Соли Маърифати ҳуқуқӣ» ва нуқтаҳои асосии Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ба ҳозирин фаҳмонида шуд.