Кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 15 то 23 апрели соли 2024 ҷиҳати иҷрои банди 9-и Нақшаи чорабиниҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидан, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов ва Айнии вилояти Суғд бо иштироки ҳуқуқшиносони давлатӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои зикршуда ҷаласаҳо баргузор намуданд.
Дар ҷаласаҳои мазкур оид ба нуқтаҳои асосии паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №668 аз 30 декабри соли 2023 “Дар бораи соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”” эълон гардидан ва дар бораи муҳтавои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Инчунин, дар вохӯриҳо оид ба фаъолияти Маркази ёрии ҳуқуқӣ, шарҳу тавзеҳоти баъзе моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин падидаҳои номатлуб, ки асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, амнияти давлат ва тамоми ҷаҳонро таҳдид мекунад, баромадҳо карда шуд.Дар ҷаласаҳо аз ҷавонон таклиф ба амал оварда шуд, ки онҳо бояд, зиракии сиёсиро аз даст надода, мақсади шахсони ифротӣ ва гурӯҳои террористиро пай бурда, бар зидди онҳо мубориза намуда, кӯшиш кунанд, то сулҳу ваҳдат ва амнияти давлат ҳифз гардад. Ҳамчунин, зимни гузаронидани ҷаласаҳо ҳуқуқшиносони давлатӣ низ дар бораи фаъолияти кории худ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ва дар бораи падидаҳои номатлуби терроризму экстремизм баромад намуданд.