Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ ва тавъам донистани он ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу рамзӣ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, тарбияи шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад. Ин тадбири муҳим аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд.
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ШИНОХТИ ХУДУ УҲДАДОРИҲОИ ХУД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат (28 декабри соли 2023) чунин изҳор доштанд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем». Дар ҳақиқат ин санади олии ҳуқуқӣ, кишвари моро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуда, заминаи устувори таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид. Аз ин рӯ дар ростои таҷлили Ҷашни 30-солагии Конститутсия таваҷҷуҳи дигарбора ба тақвият бахшидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон амри муҳиму саривақтӣ ба шумор меравад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Сарвари давлат қариб дар ҳамаи паёмҳову суханрониҳояшон ба ин масъала ишора мекунанд. Аз ҷумла, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 25-уми апрели соли 2008 чунин таъкид ба амал оварда буданд: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад». Зимни ироаи ҳамин Паём, Сарвари давлат олимони соҳаи ҳуқуқи мамлакатро вазифадор карданд, ки тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, то Ҷашни 15-солагии қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, яъне 6 ноябри соли 2009 рӯйи чоп оранд. Илова бар ин, Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки барои беҳтар амалӣ намудани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ таҳияву қабули барномаи нав дар ин самт ва ба таври самарабахш татбиқ намудани он чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар натиҷа, соли 2009 тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи олимони соҳаи ҳуқуқ аз чоп баромад ва ҳоло аз ҷониби табақаҳои мухталифи аҳолии мамлакат ба таври васеъ истифода мегардад. Бар замми ин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2009 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» тасдиқ шуд. Мақсади асосии ин барнома аз баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсону шаҳрванд ва амсоли инҳо иборат буд.
Гузашта аз ин, ҷиҳати огаҳӣ ёфтани мардуми кишвар аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ ва таъмини ёрии ихтисоснок бо қарори Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2015, №425 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ифодаи бевоситаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба халқи Тоҷикистон мебошад. Дар ҳамин ҳол бо мақсади амалинамоии Консепсияи мазкур дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” таъсис ёфт. То кунун
Маркази ёрии ҳуқуқӣ дар 49 шаҳру ноҳия фаъолияти ҳуқуқшиносони давлатиро дар самти расондани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҷиноятиро дар ҳамкорӣ бо адвокатҳо ба роҳ монд.
Дар заминаи амалинамоии Консепсияи мазкур дар мамлакат 4-уми июли соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» қабул гардид, ки дар ин самт муносибатҳоро ба танзим медарорад. Дар Соли маърифати ҳуқуқӣ мо кормандони Маркази ёрии ҳуқуқӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки фаъолияти худро дучанд намуда ҷиҳати баланд гардонидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳми арзандаи худро гузорем.
Бобозода Фаридун Сайфидин - мудири бахши ташкили ёрии ҳуқуқии якумдараҷаи Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон