Муассисаи давалатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати адлияи вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои банди 9 нақшаи чорабиниҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 бо иштироки кормандони Раёсати адлияи вилояти Хатлон ҳуқуқшиноси давлатӣ дар шаҳри Бохтар, ёрдамчиёни ҷамъиятӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Бохтар ҷаласа баргузор намуд.
Ҷаласаи мазкурро сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон муҳтарам Чилазода Шараф оғоз намуда, суханро ба иҷрокунандаи вазифаи директори Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”- Раҳим Зафар Ҳаким дод.
Муҳтарам Зафар Ҳаким доир ба 2 нуқтаи асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023-юм ироа гардид, муфассал суҳбат намуда, моҳият ва муҳимияти нуқтаҳои асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти пешгирии гаравадинаи ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати экологии мардуми Тоҷикистон изҳори ақида намуд.
Ҳамзамон вобаста ба низоми нави ёрии ҳуқуқӣ дар сохтори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” баромад намуд.
Мудири бахши ташкили ёрии ҳуқуқии якумдараҷа – Бобозода Фаридун Сайфидин ва Ҳуқуқшиноси давлатӣ дар шаҳри Бохтар – Соҳибов Сафармурод вобаста ба тақвияти ҳамкории ёрдамчиёни ҷамъиятӣ ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ва “Дастурамал оид ба кор бо ёрдамчиёни ҷамъиятӣ” баромад намуданд.
Дар ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён барои беҳтар намудани ҳамкорӣ дархосту пешниҳодҳо манзур карда шуда дар доираи мушкилиҳои ҳуқуқӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.