Тибқи розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 то 12 августи соли 2023 ба Ҷумҳурии Гурҷистон сафар намуданд.
Сафари мазкур дар доираи лоиҳаи "Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат" бо ташаббуси Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ташкил гардид ва ҳадафи он шиносӣ аз таҷрибаи Гурҷистон дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои таъмини дастрасӣ ба адолат маҳсуб ёфт.
Дар сафари хизматӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Хадамоти ёрии ҳуқуқӣ, Ассосиатсияи адвокатҳо ва Суди Олии Гурҷистон боздид намуда, аз фаъолияти онҳо шинос шуданд.
Дар ин сафар хизматӣ ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон низ иштирок намуданд.
Дар сафари мазкур намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Гурҷистон диор ба низоми ёрии ҳуқуқии кишварашон рӯнамо пешкаш намуда, дар ин самт табодули таҷриба карданд